Фирдавс Шарифзода ба 25 нафар ятим либос ва лавозимоти мактабӣ тақдим намуд

 Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба 25 нафар ятимони кул, ки дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд таҳсил менамоянд, либос ва лавозимоти мактабӣ тақдим кард.

“То ба воя расидани ятимон Давлату Ҳукумат ҳамеша кӯмакрасон буда, онҳоро ҳеҷ гоҳ танҳо намегузорад”, – таъкид намудааст хадамоти матбуоти раиси шаҳр.

Дастгирии ятимону бепарасторон ва шахсони дорои имконияти маҳдуд яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад. Дар доираи ин сиёсат кӯмакҳои моддию маънавӣ расонида шуда, фаъолияти муассисаҳои таълимӣ низ марҳила ба марҳила таҳким меёбад.

Ин иқдом имкон медиҳад, ки шароити нигоҳубин, таълиму тарбия ва рушди кӯдакону наврасони ятим беҳтар гардида, онҳо таҳти ғамхории давлату Ҳукумат ба камол расида, дар оянда ҳамчун шахсони комилҳуқуқи ҷомеа ба ҳаёти мустақилона қадам гузоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *