Дар Душанбе Донишкадаи исломии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт
21 август Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собитро ба истифода доданд.

Донишкадаи исломии Тоҷикистон бо маблағгузории Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии соҳибкорони саховатпешаи кишвар бунёд гардида, мутобиқ ба анъанаҳои меъморӣ ва фарҳангии миллати тоҷик тарҳрезӣ шудааст.
Ин муассисаи тозабунёд, ки яке аз марказҳои муҳими илмӣ-таҳқиқотӣ ва таълимии кишвар ба ҳисоб меравад, дорои шароити мусоид барои таҳсили 2500 донишҷӯ мебошад.
Бунёди донишкада дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат ва ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ