Фоҷеаи марговар дар роҳи Душанбе-Кӯлоб

Як марди 48-сола дар садамаи нақлиётӣ, дар роҳи Душанбе-Кӯлоб ба ҳалокат расид.

Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, садама шоми 2-юми феврал рух додааст. Мошини сементкашии “Howa-mikser”, ки онро сокини 48-солаи деҳаи Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ идора мекард, ба кӯҳ бархӯрдааст. Ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

“Баъди дарёфти хабар кормандони хадамоти ҷумҳуриявии ҳарбикунонидашудаи наҷоти КҲФ дар шаҳри Норак ба ҷойи ҳодиса расиданд. Онҳо ҷасади ронандаро аз дохили мошин берун оварда, ба сардхонаи шаҳри Норак интиқол доданд”,-иттилоъ медиҳад  манбаъ. 

Тибқи маълумоти пешакӣ, ронанда аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромадааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *