Фоҷеаи даҳшатбор дар Кӯлоб
Дар маҳаллаи 8-уми шаҳри Кӯлоб 2 зани ҷавон ва 1 кӯдаки 6-соларо дар манзили истиқоматиашон бераҳмона ба қатл расонидаанд. Кушташудагон ҳар ду апаву хоҳар будаанд.
Зуҳро Қурбоноваи 28-сола ва Таҳминаи Шоҳмаҳмади 20-сола, ки ҳомила будааст, аз ҷониби шахсони номаълум бо панҷ зарби корд ба ҳалокат расонида шудаанд. Аммо то ҳол сабаби куштор маълум нест.
Ҳодисаи нохуш шаби 1 ба 2-юми апрел рӯй додааст. Ҷанозаи ин се нафар имрӯз, 3 апрел дар масҷиди ҷомеи Кӯлоб баргузор гаштааст.
Хабаргузори “Озодӣ” дар такя ба як манбааш дар мақомоти интизомии шаҳри Кӯлоб навиштааст, ки писарчаи шашсолаи Таҳмина Абубакр Қурбоновро 2 корд задаанд ва кӯдак дар бемористон ҷон додааст.
Падари Зуҳро ва Таҳмина Шомаҳмад Қурбонов зимни суҳбати телефонӣ ба журналистон гуфтааст, ки намедонад чаро ду духтар ва набераашро бераҳмона ба қатл расонидаанд ва хоҳони таҳқиқи мунсифонаи ҳодиса шудааст.
Ҳоло мақомот ба тафтиши ҳодиса шуруъ кардаанд ва гумонбар боздошт шудааст.
Аз оғози соли равон ин сеюмин куштори пурсарусадо дар Кӯлоб мебошад. Шаби 11-уми январ зимни занозании миёни ҷавонон варзишгари 19-солаи точик Муҳаммадалӣ Саъдуллоев ҷон бохт, 8-уми феврал сокини дигари шаҳри Кӯлоб Қурбоналӣ Маҳмудов аз ҷониби ҳамсояаш кушта шуда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ