Фонди Абу-Забӣ барои сохтмони неругоҳи“Роғун” $100 миллион қарз медиҳад
Амороти Муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон барои идомаи сохтмони НБО “Роғун” 100 млн доллар қарз медиҳад. Ин маблағ аз ҷониби Фонди Абу-Забӣ оид ба рушд ҷудо шуда, фоизи солонааш 2,5% мебошад ва бояд дар муддати 17 сол баргардонида шавад.
Ҳаҷми қарз ба гуфтаи вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, 376,3 млн дирҳам буда, тақрибан баробар ба 100 млн доллар мебошад.
Созишномаи қарзӣ 4-уми феврали соли равон дар шаҳри Дубай ба имзо расида, барои маблағгузории лоти 2-и НБО “Роғун” пешбинӣ шудааст.
Дар маҷмӯъ, барои таъмини молиявии бунёди НБО “Роғун” бо донорҳои байналмилалӣ созишномаҳо ба маблағи 812 млн доллар ба имзо расидаанд, ки аз онҳо 462 млн доллар қарз ва 350 млн доллар грант мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ