Ёвон: Кӯмак ба кӯдакони ниёзманд
Дар ноҳияи Ёвон ба кӯдакони ниёзманду ятим кӯмаки яквақта ва туҳфа дода шуд.
Икромиддин Вализода, раиси ноҳияи Ёвон дар суҳбат бо кӯдакон дастгирии онҳоро аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии кишвар унвон карда, афзудааст, ки чунин тадбирҳои инсонпарварона дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат амалӣ карда мешаванд.
“Шумо дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти ноҳия ва масъулин қарор доред. Мо шуморо доимо дастгирӣ ва кӯмак мекунем”, – таъкид кардааст вай.
Кӯдакони ятимон ва ниёзманд, ки пайваста зери таваҷҷуҳ қарор доранд, барои ёрӣ ва ғамхориҳои навбатӣ ба роҳбарияти ноҳияи Ёвон миннатдорӣ баён намуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ