Фоҷеа дар Носири Хусрав. Пиёдагард дар ҷойи ҳодиса ҷон бохт
Дар ноҳияи Носири Хусрав ронанда Садоқат Дурманова бо сабукрави тамғаи “BYD” пиёдагардро пахш кардааст. Мутаассифона, пиёдагард бо бардоштани ҷароҳат дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон хабар додааст, ки ронандаи воситаи нақлиёти сабукрави тамғаи “BYD”, рақамҳои қайди давлатиаш 8855HB01, ки таҳти идораи Дурманова Садоқат Чориқуловна, соли таваллудаш 1990, сокини деҳаи Арабхонаи ноҳияи Носири Хусрав ҳангоми ҳаракат аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Турақулов Аваз Бадалович, соли таваллудаш 1954, сокини ноҳияи мавриди назарро пахш намудааст.

Мутаассифона, Аваз Турақулови солманд дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
Феълан вобаста ба ин ҳолат нисбати Садоқат Дурманова маводи лозимӣ тартиб дода шуда, дар баррасӣ дорад.
Раёсати ВКД содиршавии садамаҳои нохӯши нақлиётиро масъалаи доғи рӯз гуфта, аз ронандагону пиёдагардон эҳтиромона хоҳиш дорад, ки аз эҳтиёт кор бигиранд ва ба одитарин қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя кунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ