Пешравии нав дар НБО-и «Роғун»

26 август Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар сарбанди Неругоҳи барқии обии «Роғун» боздид намуданд.

Сарбанд, ки баландтарин сарбанди хокию сангӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад, аз якчанд қисм – призмаҳои такядеворӣ, филтрҳои минтақаи гузариш ва ядрои асосӣ иборат буда, сохтмони он бо ҷалби беш аз 160 техникаи пуриқтидор ва садҳо мутахассиси соҳавӣ идома дорад.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, танҳо дар соли 2025 дар минтақаи сарбанд 12,7 миллион метри мукааб маводи сохтмонӣ хобонида шуда, ҳаҷми умумии корҳои иҷрошуда то имрӯз ба 33,7 миллион метри мукааб расидааст, ки 42,6 фоизи нақшаи лоиҳавиро ташкил медиҳад.

Дар ҷараёни боздид Сарвари давлатро Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *