Фурӯши пӯсти одам дар музояда

Юрий Галактионов пӯсти баданашро дар музояда ба савдо гузоштааст. Дар пӯсти бадани ин мард даҳҳо соядасти ситораҳои санъати рок, ки дар хориҷа хеле маъруфанд, мавҷуд аст. Аз ҷумла Стинг, Оззи Осборн, Мари Фредрикссон, Scorpions ва Papa Roach дар пӯсти бадани Юрий соядаст навиштаанд. Галактионов пӯсташро 100 ҳазор доллар нарх гузоштааст ва айни замон бо ҳуқуқшиносон ва ду нафар коллексионер дар ин маврид гуфтушунид дорад. Ҳар як хоҳишманд метавонад дар музоядаи мазкур, ки дар хориҷа баргузор мегардад, ширкат биварзад. Юрий умедвор аст, ки пӯсташро бо нархи бештар аз 100 ҳазор доллар фурӯхта метавонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *