Футболи хурд: Ҷоми раиси Душанбе -2018

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 2 майи соли равон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Мақсад аз он амалӣ намудани Барномаи рушди футбол дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2018-2021, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ба воситаи футбол  мебошад.

4 май ба ин муносибат бо ибтикори Федератсияи футболи шаҳри Душанбе ва Раёсати кор бо мактабҳо ва иншоотҳои варзишии шаҳри Душанбе дар меҳмонхонаи «Душанбе» қуръакашии дастаҳои футболи хурди иштирокчии мусобиқа доир гардид.

Қабл аз ин раиси Федератсияи футболи шаҳри Душанбе Анвар Мирзоев ва директори Муассисаи давлатии «Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооотҳои варзишӣ»-и шаҳри Душанбе» Раҳматшо Камолов ҳозиринро бо тартиби баргузории мусобиқаи идона шиносонданд. Онҳо хотиррасон карданд, ки барои иштирок дар Ҷоми раиси шаҳри Душанбе беш аз 70 вазорату кумита ва ташкилоту муассисаҳои пойтахт ва аз дигар манотиқи кишвар даъват гардидаанд. То имрӯз аз онҳо 52 даста ба қайд гирифта шудаанд, ки дар қуръакашӣ иштирок хоҳанд кард.

Иттилоъ дода шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои ғолибон ва футболбозони беҳтарини мусобиқаи футболи хурд 50 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст. Аз ин 25 ҳазор сомонӣ барои дастаи ғолиби ҷойи якум, 15 ҳазор сомонӣ барои дастаи ҷойи дуюмгирифта, 10 ҳазор сомонӣ барои дастаи ҷойи сеюмгирифта ва 500-сомонигӣ барои футболбозони беҳтарин муқаррар гардидааст. Ғолибон инчунин бо туҳфаҳои хотиравӣ, диплому сипосномаҳо қадр карда мешаванд.

Таъкид гардид, ки тибқи тартиби баргузории мусобиқа дастаҳо набояд ба ҳайати худ футболбозони касбиро аз лигаҳои олию якум ва ҳайати ҷавонони онҳо, ё тимҳои футзал роҳ диҳанд. Инчунин дар ҳайати дастаҳо фақат кормандони синнашон аз 23 боло, ки дар коргоҳашон  на камтар аз 3 моҳ собиқаи корӣ доранд, бозӣ карда метавонанд. Дар сурати риоя накардани муқаррароти мазкур даста аз иштирок ва идомаи мусобиқа маҳрум мегардад.

Қуръакашӣ байни дастаҳо шаффофу бо риояи талаботи қоидаҳои ФИФА ҷараён гирифт. Дастаҳо  5 дастагӣ ба 10 гурӯҳ ҷудо карда шуда, аз рӯйи системаи даврӣ бозӣ  мекунанд. Аз ҳар гурӯҳ 3 дастаи беҳтарин ба давраи 1/32 роҳхат мегиранд. Дастаҳои 31 ва 32-юм аз ҳисоби ду дастаи беҳтарини ҷойҳои чорум ишғолнамуда муайян карда мешавад. Ин дастаҳо дар 8 гурӯҳ чордастагӣ байни ҳам рақобат мекунанд. Аз ҳар гурӯҳ 2 дастаи беҳтарин ба давраи 1/16-финалӣ роҳ меёбанд. Пас аз ин марҳилаҳои 1/8, ¼ ва ½-финалӣ баргузор мешаванд. Мусобиқа 6 май оғоз шуда, дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъбаст мегардад.

Маросими кушодашавии мусобиқаи кушоди  варзишӣ оид ба футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Душанбе-2018 7 май  дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе барпо мешавад. Мусобиқаҳо дар майдончаҳои хурди Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ва варзишгоҳи «Автомобилист»-и пойтахт баргузор мегарданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *