Ҷӯгӣ духтари нолиғро таҷовуз кард

Дар шаҳраки Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд як марди 24-солаи ҷӯгиро бо гумони ҳаракатҳои зӯроварии дороии хусусияти шаҳвонӣ нисбат ба як духтари ноболиғи 17-сола дастгир кардаанд. РВКД Суғд хабар дод, ки Муҳриддин Алибоев соати даҳи шаби 1 сентябр дар ҳолати мастӣ дар қафои як бино дар кӯчаи Гастелло бо ноболиғ Н.М. вохӯрда, «бо ҳаракатҳои зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ нафси шаҳвониашро қонеъ гардонидааст.

Бино ба гузориши раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, рӯзи 5 сентябр нисбати шаҳрванд Алибоев Муҳриддин Ғаниевич, соли таваллудаш 1994, миллаташ ҷӯгӣ, истиқоматкурнандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шаҳраки Ғафуров, кӯчаи Маяковский, 134 бар асоси қисми дуюми моддаи 139-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Бино ба гуфти ин манбаъ, Муҳриддин Алибоев «шаби 1 сентябр, соати 22 дар ҳолати мастӣ дар қафои як бино дар кӯчаи Гастеллои шаҳраки Ғафуров бо ноболиғ Н.М., санаи таваллудаш 27.11.2000, миллаташ тоҷик вохӯрда, нисбати охирон бо ҳаракатҳои зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ дошта нафси шаҳвонии худро қонеъ гардондааст.”

Ин духтар аз ҷамоати Унҷӣ буда, моҳи ноябри соли 2000 ба дунё омадааст ва дар лаҳзаи бадрафтории ҷинсӣ нисбат ба ӯ ҳанӯз ба 18 нарасида буд ва ноболиғ шумурда мешавад.

Як сокини кӯчаи гуфтааст,ки  шаби 1 сентябр онҳо садои доду фарёдро шунида буданд: «Вале ин доду фарёд зуд хомӯш шуд. Сипас рӯзи 2 сентябр кормандони милиса омада, қафои он бинои воқеъ дар кӯчаи Гастеллоро мӯшикофона кофтукоб карданд.”

Муҳриддин Алибоев, бино ба маълумоти дарёфтӣ, оиладор аст, вале дар ягон ҷо кор намекард ва аз ҳисоби талбандагӣ дар бозорҳо рӯз мебурд. Муҳриддин Алибоев майзада буд ва тақрибан ҳар рӯз дар кӯчаҳои шаҳраки Ғафуров масту аласт мегашт.

Ба Муҳриддин Алибоев бар асоси қисми дуюми моддаи 139-уми Кодекси ҷиноӣ барои ҳаракатҳои зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ нисбат ба духтари бармало ноболиғ аз 7 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Тафтиши ин қазия идома дорад.

“Ахбор”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *