Газ: Арзон нафурӯш, мебанданд! Хадамоти зиддиинҳисорӣ чӣ мегӯяд?

Арзиши  гази моеъ имрӯз  дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Душанбе якбора  аз марзи 4 сомонӣ ҳам убур кард. Ба ҳисоби миёна  газ давоми ду ҳафтаи охир  20% гарон шудааст. Ин навъи сӯзишворӣ аввали моҳ бо 3 сомонию 20 — 30 дирам барои 1 литр фурӯхта мешуд, аммо   ҳоло нархи он ба 4  сомонию 20 -30 дирам расидааст.

Болои сӯхта намакоб…

Маъмулан, дар Тоҷикистон бештари ронандагон, бинобар гарон будани бензин,  аз гази моеъ истифода мебаранд. Пӯшида нест, ки баробари андак  тағйироти нарх  дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ боис ба гарон шудани нархи ҳама гуна хизматрасонии нақлиёт ва маҳсулоти хӯрока мегардад. Ҳоло болоравии нархи газ, ки масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ онро мавсимӣ ва муваққатӣ медонанд, аксарияти ронандагонро нигарон кардааст. Ин мавзӯъ  дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ баҳсҳои тундро ба миён меорад. 

Тоҳир Зикруллозода, корбари шабакаи иҷтимоии Фейсбук мегӯяд, ҳоло нархи гази моеъ дар НФС-ҳои “Газпромнефт” ҳатто ба 4 сомониву 30 дирам расидааст. Ӯ мегӯяд: “Аммо вақте аз ҳар куҷо сабаб пурсидем, иллат дар чист, касе онро шарҳ надод. Ҳатто худи коргарони ин нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ сабаби болоравии нархи гази моеъро, ба гуфти худашон, намедонанд. Бигзор, сари ин масъала масъулон фикру андешаҳои худро бигӯянд. Вале чизи нигаронкунанда ин аст, ки давоми ин 10 рӯз аз ҳар нуқтаи фурӯши сӯзишворие, ки гази моеъ харидам, мисли пешина бо он миқдори газ натавонистам ба ҷои даркории худ бирасам. Яъне, мошини ман то ин замон бо 10 литр газ аз 100 то 105 километр роҳ мерафт, ҳоло бо ин миқдор газ 90 километр ҳам намеравад. Ин мушкил бо дигар ронандаҳо низ пеш омадааст. Чаро мақомоти марбута инро назорат намекунанд?”.

Турсунзода: НФС –и арзонфурӯшро  бастанд

Чанде пеш як хонанда, ки худро ронандаи таксӣ ном бурд,  аз шаҳри Турсунзода ба идораи ҳафтаномаи  “Тоҷикистон”  занг зад. Номбурда аз болорави нархи газ изҳори нигаронӣ кард ва ҳодисаи аҷиберо нақл кард.

“Ман таксист ҳастам. Аз Душанбе ба Турсунзода одам мекашонам. Дар шаҳри Турсунзода нуқтаи сӯзишворие фаъолият мекард. Мо борҳо аз ин ҷо газу бензини арзон харидорӣ мекардем. Маълум буд, ки аз сӯзишворӣ аз Ӯзбекистон ворид карда мешавад.  Баъдан, бинобар арзон фурӯхтан,  ин нуқтаи фурӯши сӯзишвориро бастанд.  Аҷиб, кӣ манфиатдор буд, ки ин нуқтаи фурӯш баста шавад? Ҳоло мо газро қиматтар харидорӣ мекунем. Хоҳем-нахоҳем ин болои нархи роҳкиро зам мешавад. Мусофирон, аз ҷумла донишҷӯён, шикоят доранд, ки чаро роҳкиро қимат шудааст. Илоҷе надорем”, — бо изтироб гуфт ронандаи таксӣ. Аз нақли ин ронандаи таксӣ маълум мешавад, ки бозори дохилии Тоҷикистон барои фурӯши газу бензин монополия шудааст. Барои бархе на рушди иқтисоди Тоҷикистон, балки манфиати киса болотар меистад.

Зарифзода: “Болоравии нархи газ муваққатист!” Оё?

Саидалӣ Зарифзода, сармутахассиси Раёсати ҳимоя ва рушди рақоботи Хадамоти зиддиинҳисори назди Ҳукумати Тоҷикистон  дар суҳбат бо сомонаи “Pressa.tj” иброз дошт, ки воридоти ин навъи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон даҳҳо ширкати гуногун машғуланд. Ин бозор доимо зери назорат қарор дошта, асоснокии болоравии нарх санҷида мешавад. Сайдалӣ Зарифзода сабаби болоравии нархи гази моеъ дар нуқтаҳои фуруши сӯзишвориро чунин шарҳ  дод:

“Нархи гази моеъ аз 6 ноябр инҷониб майли болоравӣ дорад. Агар дар ин давра нархи як тонна гази моеъ ба ҳисоби миёна 350 долларро ташкил мекард,  аммо 4 декабр аллакай ба 417 доллар баробар шуд.

Инчунин, дар моҳҳои сентябр-октябр, агар ба ҳисоби миёна то 40-42 ҳазор тона  газ ба Тоҷикистон ворид мешуд, аммо дар моҳҳои баъдӣ ин рақам якбора коҳиш ёфт. Яъне, ҳамагӣ 30 ҳазор тонна газ дар як моҳ ворид шудааст. Дар корхонаҳои  кишварҳои тавлидгари нефту газ нархнома тағйир ёфт. Маҳз ҳамин омилҳо  боиси афзоиши нархи гази моеъ дар Тоҷикистон шудаанд”- гуфт вай.

Ба гуфтаи Зарифзода, 88,7 фоизи воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон марбут ба Қазоқистон аст. Ҳиссаи боқимондаро Ӯзбекистон ва Русия ташкил медиҳанд.  Зарифзода муътақид бар он аст, ки нархи газ боз поён меравад, зеро он мавсимӣ аст. Аммо муштариён мегӯянд, дар шароити Тоҷикистон ҳама гуна нархи хизматрасонӣ ва маҳсулот майли болоравӣ дорад. 

Бинобар ин, коҳиш додани нархи сӯзишвориро низ зери шубҳа мебаранд. Яъне, гуфтаи Зарифзода масали “ бузак-бузак, намур, ки баҳор меояд”-ро ба хотир меорад. Аз ҷониби дигар, ба назари коршиносон дар бозори сӯзишвории  Тоҷикистон рақобати воқеӣ вуҷуд надорад. Чандин ширкат таҳти идораи гурӯҳе ё нафаре қарор дошта,  дар болоравии нархи маҳсулоти сӯзишворӣ, аз ҷумла газу бензин  забон як мекунанд. Таҳти монополия қарор гирифтани бозори сӯзишворӣ, ки он ҳамчун манбаи бузурги даромад ба ҳисоб меравад, аз эҳтимол дур нест.     

Усмон Раҳимзода,

“Тоҷикистон”

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.