Гирифтани иҷозатномаи сиёҳшиша онлайн шуд

Акнун ронандаҳо дар Тоҷикистон метавонанд иҷозатномаи истифодаи шишаҳои сиёҳ ё хираи мошинро ба таври онлайн дастрас намоянд.

Ин хизматрасонӣ тавассути пойгоҳи ягонаи хидматрасониҳои давлатӣ – ekhizmat.tj роҳандозӣ шудааст. Ба иттилои Агентии инноватсия ва технологияҳои нави Тоҷикистон, ҷорӣ гардидани ин хизматрасонӣ дар шакли электронӣ ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки бидуни муроҷиат ба мақомоти дахлдор, дар муҳлати то як дақиқа иҷозатномаро дарёфт кунанд.

Барои истифода аз ин хизматрасонӣ шаҳрвандон бояд дар пойгоҳи ekhizmat.tj сабтином шуда, аз марҳилаи шиносоии ҳувиятя, яъне гузаранд. Пас аз ин, интихоби хизматрасонӣ, ворид кардани маълумоти зарурӣ ва пардохти маблағ ба таври онлайн анҷом дода мешавад.

Арзиши иҷозатнома вобаста ба соли барориши нақлиёт вобаста аст .

Масъулин ҳадафи ин иқдомро баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ, шаффофият ва самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ арзёбӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *