40 ҳазор сомонӣ. Мукофот барои дифои рисолаи докторӣ
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ба омӯзгороне, ки рисолаи номзадӣ дифоъ мекунанд, 20 ҳазор сомонӣ ва ба онҳое, ки рисолаи докторӣ дифоъ мекунанд, 40 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ медиҳад.
Дар ин бора Директори иҷроияи филиал дар шаҳри Душанбе Баҳрулло Файзализода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Ҳамчунин, номбурда хабар дод, ки соли 2025 дар назди Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе бори аввал Шӯрои диссертатсионии байнидавлатӣ оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) аз рӯйи ихтисоси “Геология ва ҷустуҷӯйи канданиҳои фоиданок” ва барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои геология ва минералогия аз рӯйи ихтисоси илмҳои заминшиносӣ таъсис дода шудаст.
Баҳрулло Файзализода хабар дод, ки Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов ду маҷаллаи илмии тақризшаванда барои муҳаққиқон дорад.
“Дар миёни филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва филиали мо ягона муассисае аст, ки 2 маҷаллаи тақризшаванда барои муҳаққиқон дорад. Ин маҷаллаҳо дар бахши илмҳои табиӣ ва заминшиносӣ, ҳамчунин дар бахши илмҳои гуманитарӣ ва иқтисодӣ мақолаҳо нашр мекунанд”, – гуфт Файзализода.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ