12 ихтисоси нав ва факултети стоматология дар ДМТ

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои зинаи бакалавр аз рӯйи 12 ихтисоси нав иҷозатнома гирифт. Дар ин бора 9 феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иттилоъ дод.

Ба ин ихтисосҳо моделиронии математикӣ, технологияи иттилоотии ҳисоби бухгалтерӣ, зеҳни сунъӣ, системаҳои иттилоотӣ ва технология, таърих (ихтисоси нав), забони хориҷӣ (бо нишон додани забони таҳсил), иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои хурду миёна, молия ва қарз дар фаъолияти иқтисоди берунӣ, геология (сохтмони иншоотҳои гидроэнергетикӣ ва нақбҳо), хадамоти гумрукӣ, сиёсат ва робита бо ҷомеа, инчунин таъмини ҳуқуқии муқовимат бо коррупсия шомил мебошанд.

Ректор иброз дошт, ки ин ихтисосҳо дорои хусусияти замонавӣ, рақобатпазир ва дорои зарфияти баланд дар бозори меҳнат мебошанд.

Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки дар пояи факултети тиббии донишгоҳ факултети стоматология таъсис ёфт.

Ба гуфтаи ректор, ифтитоҳи ин факултет барои омода намудани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи стоматология ва қонеъ гардонидани ниёзҳои аҳолӣ ба хизматрасонии босифати тиббӣ мусоидат менамояд.

“Вобаста ба таъсиси факултети нав, дар заминаи кафедраҳои стоматологияи муолиҷавӣ ва стоматологияи ортопедӣ ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй, ду кафедраи нав – кафедраи стоматологияи ортопедӣ ва кафедраи ҷарроҳии ҷоғу рӯй таъсис дода шуданд. Бо ин шумораи умумии кафедраҳо дар донишгоҳ ба 128 расид”,-таъкид дошт Эмомалӣ Насриддинзода.

Дар маҷмуъ, ҳоло дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯйи 144 ихтисос мутахассис омода карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *