Гулдухтарони Академияи идоракунӣ дар аксҳои наврӯзӣ

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни умумиакадемиявӣ таҳти унвони “Гулдухтарони Академия” баргузор гардид.

“Озмуни мазкур бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи модар, дар арафаи фарорасии соли нави аҷдодиамон – Наврӯзи байналмилалӣ, ташфиқу тарғиби суннатҳои миллӣ, баланд бардоштани масъулиятшиносӣ миёни донишҷӯдухтарон ва дарёфти беҳтарин чеҳраҳои нав ва соҳибҳунар дар байни донишҷудухтарон ва магистрантдухтарони Академияи гузаронида шуд”, -иттилоъ медиҳад Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаи Фейсбуки худ.

Дар озмун духтарон аз рӯйи шартҳо иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён гардидаанд. Бо гирифтани 150 хол факултети идоракунии давлатӣ сазовори ҷойи якум, 116 хол шуъбаи магистратура сазовори ҷойи сеюм, 130 хол факултети дипломатия ва сиёсат сазовори ҷойи дуюм гардида, бо дипломҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.