Гумруки Тоҷикистон нақшаро 122% иҷро кард

Соли 2025 ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ 12 миллиарду 720,1 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 2 миллиарду 314,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин бора Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи мавсуф, барои соли 2025 нақшаи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ 10 миллиарду 405,3 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда буд, аммо иҷрои воқеӣ ба 122,3 фоиз баробар гардид. Ҳамзамон, ҳаҷми пардохтҳои гумрукӣ нисбат ба соли 2024 2 миллиарду 968,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Иҷрои нақша аз рӯи намудҳои асосии пардохтҳо низ барзиёд таъмин гардида, аз ҷумла воридоти андоз аз арзиши иловашуда, боҷи гумрукӣ, боҷи содиротӣ ва андози аксизӣ афзоиши назаррас нишон додаанд. Хусусан, воридоти ғайриандозӣ беш аз панҷ баробар зиёд иҷро шудааст.

Ба таъкиди роҳбарияти хадамот, новобаста аз буҳрони молиявию иқтисодӣ ва мушкилоти марбут ба интиқоли борҳо дар шароити вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон, мақомоти гумрук тавонистанд иҷрои нақшаро барзиёд таъмин намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *