Гуруҳи корӣ аз Тоҷикистону Қирғизистон масоили марзро матраҳ карданд (аудио)

Гуруҳҳои топографии Тоҷикистон ва Қирғизистон гузариши хатҳоро дар сарҳади муштарак баррасӣ карданд.

«Тарафҳо оид ба гузариши хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда табодули афкор намуда, ба мувофиқа расиданд, ки муҳокимаро зимни мулоқоти навбатӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон доир мегардад, идома диҳанд», — омадааст дар иттилоияи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Гуруҳи кории ҳарду ҷониб рӯзҳои 10-15 октябр дар Душанбе  масъалаи гузариши хати қитъаҳои боқимондаи марзро баррасӣ кардаанд. .

Ёдовар мешавем, ки 13 октябр аз рӯи натиҷаҳои мулоқоти роҳбарони Россия, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Остона миёни Душанбе ва Бишкек тавофуқ ҳосил шуд, ки кори гурӯҳҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади муштарак фаъол гардонида шуда, ҳама мушкилоти бамиёномада танҳо тавассути роҳҳои дипломатӣ ҳал карда шаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *