«Халифа»-и ДИИШ аз Мавсил гурехт

Раҳбари гурӯҳи тундрави «Давлати Исломӣ» Абу Бакр ал-Бағдодӣ аз пойгоҳи ДИИШ дар Мавсил фирор ва ҳимояи шаҳрро ба ҷангиёни сатҳи поён вогузор кард. Дар ин бора мақомоти Ийолоти Муттаҳида ва Ироқ рӯзи 8 март хабар доданд.

Ба гуфтаи онҳо Бағдодӣ, ки баъди ишғоли Мавсил дар соли 2014 худро раҳбари «хилофат» эълон кард, ҳоло дар биёбон пинҳон аст ва бештар бар наҷоти худ меандешад.

Тасдиқи ин иддао аз манбаҳои мустақил имконпазир нест. Мақомоти мегӯянд, ки аз байн рафтани робитаҳои дохили ДИИШ ва коҳиши пайғомҳо дар Телеграм, Твиттер ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин далолат мекунанд, ки Бағдодӣ аз бузургтарин маркази аҳолинишин, ки ДИИШ то ҳол таҳти назорад дошт, хориҷ шудааст.

Гурӯҳи тундрави «Давлати Исломӣ» ишғоли ними қисмати шарқии Мавсил аз ҷониби нерӯҳои Ироқ дар моҳи январро ҳеҷ гоҳ шарҳ надод. Бағдодӣ низ аз авоили моҳи ноябр, ду ҳафта баъда шурӯи ҳамла ба Мавсил, ягон навори суханрониашро нашр накард.

Ӯ дар гузашта бо коҳиши иртибот, ки метавонад назорат шавад ва пайваста иваз кардани макони буду бош, дастнорас будани худро исбот карда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *