Хатари офтобзанӣ. Чаро нурҳои хуршед одамро аз пой меафтонанд?

Дар фасли тобистон ҳамаи мо мехоҳем бештар сайругашт кунем, аз оббозӣ лаззат барем, дар гӯшаҳои хушҳаво истироҳат намоем. Аз ин ҷост, ки дар тобистон ҳавзҳо ва масканҳои шиноварӣ аз истироҳаткунандагон пур мешаванд. Дар чунин лаҳзаҳои фараҳбахш офтоб нури худро саховатмандона мепошад, ки ин баробари ҳузурбахш будан, паёмадҳои нохуш низ дорад.

Офтобзанӣ чӣ гуна беморист?

Муддати тӯлонӣ дар зери нури офтоб истодан пӯстро сӯзонида, боиси офтобзанӣ мешавад. Маҳз нурҳои гарми офтоб метавонанд барои ҳаёти мо хеле хатарнок бошанд. Барои ҳифзи пӯст аз нурҳои офтоб бояд аз малҳамҳои аз офтоб ҳифзкунанда, ки дорои фактори баланди муҳофизатӣ (SPF > 30) бошанд, истифода бурд. Фаромӯш накунед, ки малҳамҳои махсуси ҳифзкунанда танҳо пӯстро аз сӯхтан ҳифз мекунанд, вале аз офтобзанӣ муҳофизат карда наметавонанд.

Офтобзанӣ як ҳолати патологӣ аст, ки бо вайрон шудани фаъолияти мағзи сар дар натиҷаи таъсири офтоб рӯй дода, ин ҳолат аз сабаби миқдори зиёди гармиро идора карда натавонистани организм ва дар сатҳи зарурӣ сард карда натавонистани бадан ба вуҷуд меояд. Дар ин раванд, баробари арақ кардани бадан, гардиши хун низ вайрон мешавад ва рагҳо васеъ мешаванд. Дар натиҷа гардиши хун дар тамоми бадан суст мешавад (суст шудани гардиши хун боиси тағйироти фаъолияти майна мегардад). Ин ҳолат метавонад ба оқибатҳои вазнин, ҳатто вайрон гардидани фаъолияти дил сабаб шавад.

Нишонаҳои беморӣ

Нишонаҳои офтобзанӣ инҳоянд: баландшавии таб, зиёдшавии набз, зуд-зуд нафаскашӣ, беқарорӣ ё ҳатто беҳушшавӣ, пӯсти хушку тафсон ва арақ накардан. Нишонаҳои беморӣ дарҳол аён намегарданд. Аксаран ҳангоми офтобзанӣ гумшавии иштиҳо баъди сайругашти тӯлонӣ дар ҳавои офтобӣ, бемадорӣ, инҷиқӣ, хоболудӣ, дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ ба вуҷуд меояд.

Ҳолатҳои сабук, миёна ва вазнини офтобзанӣ мавҷуд аст.

Ҳолати сабуки офтобзанӣ боиси дарди сар, дилбеҳузурӣ, зиёдшавии набзи дил ва нафаскашӣ, васеъшавии гавҳараки чашм мегардад.

Ҳолати миёнаи офтобзанӣ боиси дарди сар, гоҳ-гоҳ аз ҳуш рафтан, зиёдшавии набзи дил ва кӯтоҳ будани нафас, хунравии бинӣ, ҳарорати бадан, ки бо заъф, дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ ҳамроҳӣ мекунанд, боиси якбора суст шудани ҳаракат мегардад. Ҳарорати бадан то 39 дараҷа мебарояд.

Ҳолати вазнини офтобзанӣ аломатҳои ба худ хос дорад. Касеро, ки офтоб задааст, чеҳрааш аввал сурх, баъд кабуд мешавад, мушакҳояш танг шуда, дар пеши чашмонаш чизҳои гуногун мушоҳида мегардад. 

Тавсия

Ҳангоми офтобзанӣ амал кардан аз рӯйи тавсияҳои зерин фоидаовар аст:

— одамеро, ки офтоб задааст, бояд ба ҷойи салқин, барҳаво (одам кам бошад) ва нам гузаронед;

— ба таври горизонталӣ хобонда, пойҳояшро каме баланд кунед ва шамол диҳед;

— либосҳоро, махсусан либосҳоеро, ки гардан ва қафаси синаро танг мекунанд, кашед;

— рӯяшро бо оби хунук бишӯед;

— ба сандуқи сина латтаи нам гузошта, тамоми баданро бо матои тар печонед ё барои оббозӣ дар оби ҳарораташ 18-20 дараҷа шароит фароҳам намоед;

— ба пешонааш компресси хунук (як зарфи оби хунук ё ях) гузоред;

— нӯшидани ҷурғот (қатиқ) (2-3 истакон ҷурғоти беравған) барои офтобзадагон дар давоми якчанд рӯз тавсия карда мешавад. Зеро ҷурғот яке аз беҳтарин воситаҳои барқарорсозӣ ва хунуккунии бадан аст);

— дар вақти дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ роҳҳои нафасро аз қай тоза кунед, спирти новшадилро бӯй кунонед;

— ҳангоми беҳушӣ нафаскашӣ ва таппиши дилро санҷед. Дар ҳолатҳои норасоии дил нафасгирии сунъӣ ва маҳс (массаж) кардан фоида дорад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.