Хатлон: 49 корхона аз фаъолият бозмонд ва 947 нафар бе ҷойи кор

Дар шаш моҳи соли 2022 дар вилояти Хатлон 43 коргоҳи нав таъсис дода шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳамин давра 49 корхонаи дигар аз фаъолият мондааст.

Ҳакимзода Қурбон, сардори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар нишасти хабарӣ гуфт, ки сабаби асосии аз кор мондани корхонаҳо — ин ба фурӯш нарафтани маҳсулот, муфлисшавӣ ва набудани маблағи гардон аст. Ӯ мегӯяд, ин 49 корхона зиёда аз ду сол аст, ки фаъолият намекунанд.

Ба таъкиди вай, аз ҳисоби аз фаъолият бозмондани коргоҳу корхонаҳои гуногун дар вилояти Хатлон 947 нафар ҷойи кории хешро аз даст додаанд.

Феълан дар вилояти Хатллон дар маҷмуъ 674 корхонаи саноатӣ мавҷуд мебошад.

Машраби АЛОВИДДИН

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.