Хатлон: Сардори Раёсати фарҳанг таъин карда шуд

Имрӯз дар асоси қарори раиси вилояти Хатлон ва дар мувофиқа бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Насриддинзода сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон таъин карда шуд.

Ӯ то таъин шуданаш ба ин вазифа мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон буд.

Сардори Раёсати фарҳанг дар вилояти Хатлон Аловиддин Абдуллозода буд, ки 17-уми феврали соли 2022 аз бемории қалб вафот кард.

Рамазон Насриддинзода то таъин шудан ба вазифаи сардори Раёсати фарҳанг дар вилояти Хатлон дар Раёсати ҷавонон ва варзиш, телевизион ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон фаъолият кардааст.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *