Хатми аввалин магистрони Академия илмҳо

19–уми июли соли 2016 дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин ҷаласаи хатмкунандагони магистратураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Шервони Умриддин сухангӯи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ҷаласаро ифтитоҳ намуда, зикр намуд, ки имрӯз магистрҳо дар таърихи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал магистратураро хатм намуданд. Дарҳои муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хатмкунандагони магистратура барои идомаи фаъолияти илмӣ боз аст.

124 нафар магистратураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намуданд. Аз зумраи онҳо 2 нафар аз Институти иқтисодиёт ва демография АИ ҶТ, 1 нафар аз Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ, 1 нафар аз Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ ҶТ ва 1 нафар аз Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандарови АИ ҶТ дар ВМКБ бо дипломи аъло магистратураро хатм намуданд.

Дар анҷоми ҷаласа президети Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ба 124 нафар хатмкунандагони магистратураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо диплом, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *