Хатнатӯйи 60 кӯдакони ниёзманд дар Арбоб

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд 60- нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд хатнатӯй шуданд. Ба ҷузъ ин тӯйи арӯсиву домодии як ҷуфт дар қасри маданияти Арбоб бо шукӯҳ таҷлил гардид.

Зариф Назирӣ, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ин маросим ҳузур дошт ва кӯдакону навхонадоршавандагонро бо ҷашни Наврӯз табрик намуд. Ӯ мегӯяд дар арафаи ин ҷашн дасти ёри дароз кардан ба камбизоатону ниёзмандон кори хайру сахо аст. Дар ин кори хайр мақомотро 20 нафар соҳибкорони маҳаллӣ дастгирӣ кардаанд.

                                                                                                                                     Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *