“Хатуба” ба сари Ҷамила Каримова бало овард?  

Ҷамила Каримова, як тан сарояндаи маҳбуби маҳфилҳо баъди дар як маҳфили арӯсӣ тортро ба сари рӯи арӯсу домод молиданаш мавриди хашму ғазаби соҳибони маърака қарор гирифтааст.

Иддае мегӯянд падари домод барои ин кораш Ҷамиларо ҷазо доданӣ шуда, ҳаққи хизматашонро надодааст, бархи дигар воҳима мекунанд, ки ин суруди ҳиндӣ ба сари овозхон балоҳои зиёдеро оварда, кор то милисаю суд расидааст. Барои фаҳмидани асли гап мо ба худи Ҷамила занг задем. Каримова чунин посух дод:

-Ман айни ҳол дар бинои 10-уми беморхонаи Қаряи Боло бистарӣ ҳастам, зеро вақтҳои охир саломатиям чандон хуб нест. Дар мавриди овозаҳо ҳаминро гуфтаниям, ки як сол пеш аз рӯйи суруди “Хатуба” байни ман ва Саттор ном наворбардори телевизион баҳс бархоста, кор дар ҳақиқат то ба судкашӣ расида буд.

Наворбардор ин ҷо чӣ дахл дорад? Магар ба сару рӯйи домоду арӯс молидани тортро вай ба шумо маслиҳат дода буд?

Ман ба хотири ба шӯр овардани мухлисон дар маъракаҳо мерақсам ва ба мисли актрисаҳо нақш мебозам, вале девона нестам, ки тортро ба сару рӯйи домоду арӯс молам. Моҷаро тамоман дигар буд.  “Суруди “Хатуба” –ро ман дар як тӯй дар Айнӣ суруда будам. Наворбардор онро тариқи дискҳо ба фурӯш баровардааст. Азбаски тӯйдор дар ҳамсояги мо иқомат мекард, баъди тамошои ин навор бо ман муносибаташ сард шуд, гӯё Ҷамила барои таблиғи ҳунараш суруди “Хатуба”-ро, ки дар тӯйи онҳо садо дода буд, ба фурӯш бароварда бошад. Ин ба ман бисёр сахт расид ва аризаи шикоятӣ навиштам. Наворбардор аввал гуноҳашро ба гардан гирифтан нахост, вале вақте ки “сари дастатро деҳ” гуфтанд, ночор монда, иқрор шуд, ки ин сурудро вай диск карда, паҳн намудааст. Бахшиш пурсида бошад ҳам, қонун ин рафтори наворбардорро бе ҷазо намонд ва барои бе иҷозат ба фурӯш баровардани ин суруд ӯро ҷарима намуданд.

Мо ба шумо шифои комил хоҳонем!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *