Хонандагон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд

Чоряки якуми таҳсил дар мактабҳои Тоҷикистон 31-уми октябр ба анҷом мерасад ва хонандагон аз 1 то 7 ноябр ба таътили тирамоҳӣ мебароянд.

Дар ин бора ба Pressa.tj аз Вазорати маориф ва илми  Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Тибқи маълумоти вазорат, хонандагон метавонанд дар рӯзҳои таътил аз рӯйхати тавсиявии асарҳои бадеӣ барои хониши беруназсинфӣ истифода баранд. Ҳамзамон, дар ин мудддат даври якуми олимпиадаҳои дохилимактабӣ оғоз меёбанд.

Вазорати маориф ва илм аз падару модарон даъват намудааст, ки дар рӯзҳои таътил назорати фарзандонашонро ҷиддӣ ба роҳ монанд ва нагузоранд, ки онҳо вақти худро бо телефон ё корҳои беҳуда сарф кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *