Хуҷанд: Як мард фарзандашро кушту занашро захмӣ кард

Шаби 1-ум  ба 2-юми октябри соли равон дар шаҳри Хуҷанд Мансур Мирзоахмедов, дар заминаи як муноқишаи оилавӣ ба ҳамсару фарзандонаш бо корд ҳамла карда, баъдан қасди худкушӣ кардааст.

Дар ин бора аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд ба pressa.tj хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, Мирзоахмедов Мансур Мавлонович соли таваллудаш 1982, истиқоматкунандаи маҳаллаи “Хуррамшаҳр”-и Хуҷанд дар натиҷаи як муноқишаи оилавӣ бо ҳамсараш Умеда Мирдадоева, соли таваллудаш 1989 ва духтаронаш Мавзунахон, соли таваллудаш 2013 ва Хумрихон, соли таваллудаш 2012 дарафтода, онҳоро бо корд зада,  сипас, бо мақсади худкушӣ худашро низ бо корд захмӣ мекунад. Вақте мошини милитсия ва Ёрии таъҷилӣ ба ҷойи ҳодиса меояд, аллкай Хумрхони 5 — сола фавтида буд.

Мавзеи ҳодиса

Айни замон Умеда Мирдадоева, гумонбар Мансур Мирзоахмедов ва Мавзунахони 6-сола дар назорати табибон қарор доранд.

Манбаъ мегӯяд, ки сабаби даст ба чунин ҷиноят задани гумонбар муноқишаи оилавӣ будааст.

Ҳамсари гумонбар Умеда Мирдадоева бинобар вазнин будани вазъи оилавӣ аз шавҳараш талаб мекунад, ки ба Русия кӯч банданд, вале гумонбар розӣ намешавад. Ин боиси он мегардад, ки байни зану шавҳар ҷангҷоли сахт бармехезад. Дар натиҷа гумонбар Мансур Мирзоахмедов бо корд ба аҳли оила ҳамла мекунад.

Феълан аз рӯйи ин қазия аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Хуҷанд парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.

Тафсилоти ин қазия дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *