Худкушии маҳкумшудаи парвандаи “Крокус Сити Ҳол” дар боздоштгоҳи Русия
Ба иттилои расонаҳои Русия, як маҳкумшуда дар робита ба ҳамла ба толори консертии “Крокус Сити Ҳол”-и Маскав дар боздоштгоҳ фавтидааст. Гуфта мешавад, Ёқубҷон Юсуфзода, шаҳрванди Тоҷикистон, ки чанде пеш ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуда буд, рӯзи 6-уми апрел дар ҳуҷраи боздоштгоҳ беҷон пайдо гардид.
Хабаргузории “Интерфакс” бо такя ба Идораи иҷрои ҷазоҳои ҷиноятии Русия менависад, ки нишонаҳо ба худкушӣ ишора мекунанд. Ба гуфтаи манбаъ, пизишкон фавран ба ҷойи ҳодиса расиданд, аммо натавонистанд ҷони ӯро наҷот диҳанд. Мақомот изҳор доштаанд, ки санҷиш дар робита ба ин ҳодиса идома дорад.
Ёқубҷон Юсуфзода, 26-сола ва соҳиби се фарзанд, охири моҳи марти соли 2024 дар ҷараёни амалиёти “Нелегал” боздошт шуда буд. Ба гуфтаи мақомоти Русия, ӯ ба гумонбарони ҳамла ба “Крокус Сити Ҳол” кумак расонда, чанд рӯз пеш аз ҳамла барои таъмини онҳо маблағ фиристодааст.
Додгоҳи ҳарбии Маскав моҳи марти соли ҷорӣ 15 гумонбарро ба ҳабси якумрӣ ва чаҳор нафари дигарро ба муҳлатҳои аз 19 то 22 сол зиндон маҳкум кардааст. Аксари маҳкумшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.
Мурофиаи додгоҳӣ паси дарҳои баста баргузор шуда, мавқеи муттаҳамон нисбат ба айбнома ва ҳукм расман эълон нашудааст. Пештар ҳомиёни ҳуқуқ аз эҳтимоли истифодаи шиканҷа ва латукӯби бархе гумонбарон изҳори нигаронӣ карда, дурустии иқрорҳои онҳоро зери шубҳа бурда буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ