Хушдомани Қобилҷон Зарипов даргузашт (6 акс)

Имрӯз соати 10-и субҳ, Сабоҳат Ҳасанова, хушдомани ҳунарманди маҳбуб Қобилҷон Зарипов аз дунё реҳлат намуданд.

Сабоҳат Ҳасанова модари 7- фарзанд ва бибии 22 набераю 5 абера буда, дар синни 89-солагӣ аз бемории саратон дар ҳалқаи фарзандону наберагон ҷон ба ҷаббор супориданд. Номбурда 51 сол дар соҳаҳои фарҳангии кишвар кору фаъолият намудаанд. Аз ҷумла 31 соли умрро дар вазифаҳои директори мактаб, 20 сол дар вазифаи ҷонишини мудири маориф, хамчун ҷонишини раиси ҳукумати ноҳияи Айнӣ, раиси фарҳанги ноҳияи Айнӣ, котиби дуюми комитети райони партиявии ноҳияи мазкур фаъолият намудаанд.

Ҷанозаи марҳум дар махаллаи Варзи Манори ноҳияи Айнӣ рузи 9-уми январ баъди намози пешин баргузор гардид.

Бознашр аз «Оила»

Сабоҳат Ҳасанова:  Хушдоман дар сари келин чормағз мешиканад, агар…

 Сабоҳат Ҳасанова, хушдомани ҳунарманди маҳбуб Қобилҷон Зарипов ғолиби озмуни “Хушдоманҷон, хушдоман” гашт. Ин пири барнодил модари 7- фарзанд ва бибии 22 набераю 5 абера аст. Рӯзи ҷамъбасти озмун мо аз фурсат истифода бурда, бо ин зани рӯзгордида суҳбати аҷиберо анҷом додем, ки фишурдааш пешкашатон мегардад.

 -Бибиҷон! Шуморо ба идораи ҳафтаномаи «Оила»,  ки  16-солагии худро ҷашн мегирад, хайрамақдам мегӯям. Боварӣ доштед, ки дар ин озмун ғолиб меоед?

-Ҳазор раҳмат бачам! Ман аз озмуни шумо хабар доштам, вале дар гӯшаи хаёлам ҳам набуд, ки дар бораи ман ҳам менависанд. Ин кори дасти Қобилҷон аст! (механдад)

-Имрӯз аксари келинҳо аз хушдоман меноланд. Шумо ҳам ба зиндагии келинҳоятон дахолат мекунед?

-Ман собиқаи 51-солаи корӣ дорам, аз ин ним аср 31-солаш директори мактаб будам, 20 соли дигар дар вазифаҳои пурмасъулияти ҷонишини мудири маориф, ҷонишини раиси ҳукумат, раиси фарҳанг, котиби дуюми комитети райони партиявӣ кор кардам. Тез-тез ба сафарҳои хизматӣ мерафтам. Ба куҷое, ки наравам, ҳамеша либосам тозаю озода ва дарзмол кардагӣ буд. Кадом вақте ки ба хона наоям, хӯрокам тайёр, рахти хобам тозаю озода. Ҳамаи ин хизмати келинҳоям буд.  Пас, барои чӣ ман ба онҳо эрод бигирам? Фақат ман не, тамоми аҳли оила ва ҳатто хешу табор келинҳои маро дӯст медоранд ва ҳурмату эҳтиром мекунанд. Ҳурмат, ки кардӣ, ҳурмат мебинӣ.


-Келинҳоятон аз аввал духтарҳои чаққони ба дасту панҷа буданд ё рӯзгордориро оҳиста-оҳиста ба онҳо ёд додед?

-Ягон арӯс аз рӯзи аввал сарҳисоби хонаи хушдоманро намеёбад.  Духтари ҷавон вақте ба шавҳар баромада, ба муҳити дигар меафтад, хоҳ-нохоҳ сарҳисоби корашро гум мекунад. Хонаи хушдоман барои келин як навъ мактаб аст-мактаби рӯзгордорӣ. Ман келинҳоямро ҳамчун шогирд қабул карда, аз ҷо ба ҷогузории асбобҳои рӯзгор ва дегу табақ сар карда, ҳама нозукиҳои рӯзгордориро аз қабили тарзи дурусти либосшӯӣ, нонпазӣ, хӯрокпазӣ, меҳмонқабулкунӣ, ғундоштани меваҳо, хушконидани зардолуи қандак, баргак кардану  аштақ кардани зардолу, хулоса ҳама корро ёд додам.

-Мабодо худи шумо ба ягон кори келинҳоятон эрод гиред, намеранҷанд?

-Не, келинҳои ман босавод, ки ҳастанд, ҳеҷ гоҳ лабашонро бурма намекунанд, гап намегардонанд, дашному ҳақоратро намедонанд. Азбаски келини калониам дар яке аз идораҳои бонуфузи кишварамон кор мекунад, онҳо дар пойтахт зиндагӣ мекунанд. Ду келини дигарам бошанд, дар ноҳияи Айнӣ бо ман ҳастанд, шукри Худо то имрӯз ягон бор лаб ба лаб нашудаем. (Ҷанҷолу муноқишаро дар назар дорад.)

Келини босавод доштан беҳтар аст ё хонашин?

Духтар соҳиби маълумоти олӣ бошад, беҳтар аст, чунки зани босавод фарҳанги муносибатҳои оилавиро медонад.

-Чаро баъзе хушдоманҳо нисбати келин айбҷӯӣ мекунанд?

-Келин бамаънӣ, тозакор ва ҳунарманду хушмуомила бошад, хушдоман саг нест, ки баҳудаю беҳуда ҷакидан гирад. Арӯс танбалу ҳаромкор бошад, хушдоман дар сараш чормағз мешиканад-дия! Волидон, хоса модарҳо бояд дар тарбияи духтар эҳтиёт бошанд, фарзандашонро ба зиндагӣ тайёр карда, баъд ба шавҳар диҳанд. Насиҳат кунанд, ки духтарам, зиндагӣ пастию баландиҳои бисёре дорад, ту бояд ба ҳама каму кости рӯзгор тоқат кунӣ. Дар хонаи шавҳарат шаттоҳию гапгардонӣ накун, ҳурмату эҳтироми хусуру хушдоманатро ба ҷо оварда, хизматашонро бе миннат адо кун. Бо хоҳару бародарони ҳамсарат муросо карданро омӯз. Бе розигии шавҳарат кор накун…

Аксари моҷароҳои оилавӣ вақтҳои охир аз рӯйи телефон сар зада истодаанд…

-Мақсадатонро фаҳмидам. Келинҳои ман бе иҷозат ба телефон ҳатто наздик намешаванд. Ба ягон ҷо занг заданӣ бошанд, ҳатман аз ман мепурсанд.

-Лаҷоми келинҳоро маҳкам медорам гӯед…

-Ин нишонаи тарс не, ин як навъ эҳтироми келин нисбати хушдоман ва хешу табори шавҳар аст. Келин, ки баҳудаю беҳуда телефонбозӣ карда, сирру асрори хонаи шавҳарашро баровард, оқибат хонавайрон мешавад. Ман намехоҳам, ки зиндагии фарзандонам вайрон шавад, барои ҳамин ба қавли шумо лаҷоми келинҳоро маҳкам медорам.

Назаратон нисбати никоҳи хешу таборӣ чӣ гуна аст?

Медонед, сабаби ҷудо шудани аксари оилаҳо якдигарро дӯст надоштани арӯсу домод аст. Падару модарон муносибатҳои хешу табориамон мустаҳкамтар шавад гуфта, фарзандонашонро хонадор мекунанд, вале духтару ҷавон ҳеҷ бо ҳамдигар забон ёфта натавониста оқибат ҷудо мешаванд. Дар натиҷа ба ҷойи мустаҳкам шудан муносибатҳои хешу таборӣ тамоман вайрон ва канда мешаванд. Барои ҳамин беҳтараш бояд фарзандонро бо майли дили худашон хонадор кард, он гоҳ домони падару модарро намегиранд, ки шумо ҳаёти моро сӯзондед. Дӯст дошта, ки гирифт, тоқат мекунад.

-Маслиҳати шумо ҳамчун як зани рӯзгордида ба ҷавонзанҳо?

-Ман мудом келинҳоямро насиҳат мекунам, ки шавҳаратон аз дар даромад, бо табассум пешвоз гирифта, даррав кӯрпача андозед. Мабодо табъаш хира бошаду ягон гапи пасту баланд занад, дарҳол бидиррос зада гап нагардонед. “Мардакҷон, хуб шудааст” гуфта меҳрубонӣ кунед, мард, ки ором шуд, аз гуфтааш пушаймон  мешавад. Хӯроки мардро дар вақташ тайёр карда, қошу қавоқ нагиронӣ, зиндагӣ ширин мешавад, вале ба ҳар як ходачӯби сари роҳ рашк бурда, баҳудаю беҳуда ҷанҷол бардошта, ба асаби мард, ки расидӣ, мардак хонагурезу занбезор мешавад. Агар дигар ҷавонзанҳо ҳам гуфтаҳои маро кунанд, боварӣ дорам, ки хушбахт мешаванд.

 Суҳбаторо: Маҳинаи Давлат. Рустам Азимов

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *