Рустами Эмомали ва Эмомали Рахмон

Иқдоми Рустами Эмомалӣ. Сифат хубу нархи хонаҳо арзон мешавад? (аудио)

Қарори нави раиси шаҳр чӣ мегӯяд?

Душанбе шаҳри сохтмонҳост. Биноҳои нав ба осмон сар мекашанд. Вале бо афзудани теъдоди иморатҳо шикояти шаҳрвандон низ меафзояд. “Хонасоз қаллоб баромад ва миллионҳоро гирифту гурехт”, “Ширкат дар вақти таъйиншуда сохтмони хонаро ба анҷом нарасонид”, “Як хонаро ба чанд нафар фурӯхтааст”, “Сохтмон аз таҳкурсӣ боло набаромад”, “Сифати хонаҳо хеле бад аст” ва монанди ин шикоятҳо зиёд шудаанд.

Миёни ин сарусадоҳо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид, ки чуноне коршиносон мегӯянд, сохтмонҳоро дар шаҳр ба танзим медарорад ва ба бунёди иншооти муосиру хуштарҳ ва комплексҳое, ки инфраструктураи муосир доранд, мусоидат мекунад.

Мувофиқи қарори нав минбаъд ширкатҳое ба сохтмони биноҳо ҳақ доранд, ки гардиши солонаи молиашон аз 10 миллион сомонӣ кам набошад. Барои силсилаи сохтмонҳо доштани панҷоҳ миллион сомонӣ талаб мешавад.

Иддае мегӯянд, ки ин тасмими мақомот ба нафъи мардум аст, то биноҳо дар вақташ сохтаву ба истифода дода шаванд.

Раиси Иттиҳоди меъморони Тоҷикистон Баҳром Юсупов тасмими шаҳрдориро дурусту “деринтизор” номид. Ӯ муътақид аст, ки чунин талабот имкон хоҳад дод, то сокинон бе дарди сар соҳиби хонаву дар шаванд.

“Ҳозир духтур ҳам сохтмончӣ шудааст ва муаллиму тоҷир ҳам. Пул надоранд, аз уҳдаи кор намебароянд. Барои зербино чуқурӣ мекобанд ва аз мардум ғарам-ғарам пул мегиранд ва баромада мераванд. Пул надошта бошанд, ҳунар надошта бошанд, кор накунанд”,- мегӯяд ӯ.

Монополия ё шаффофият

Дар матни қарори мазкур омадааст, ки ҳадаф “шаффофият дар интихоби дурусти шахси ҳуқуқӣ ва ҳимояи манфиати ҳиссагузорон” аст.

Коршиноси масоили иқтисодӣ Фозилҷон Фатуллоев мегӯяд, ки тасмими шаҳрдорӣ метавонад ба баланд шудани сифати кори ширкатҳои сохтмонӣ таъсир гузорад.

Вале нафроне низ ҳастанд, ки қабули ин қарорро монополияи бозори сохтмонӣ аз ҷониби ширкатҳои бонуфуз арзёбӣ мекунанд.

“Ҳимояи ҳуқуқи харидорон кори хуб аст, аммо ба назари ман, ин тасмим бо мадади сохтмончиёни бузурге, ки дасташон дароз аст, гирифта шудааст. Ин соҳа низ ба монополия табдил мешавад. Ширкатҳои хурди сохтмониро аз бозор хориҷ мекунанд ва хеле нафаронро аз кор маҳрум”,- гуфтааст ба “Озодӣ” иқтисодшинос Абдуманнон Шералиев.

Ӯ роҳҳои ҳалли масъаларо чунин баён мекунад: “Ширкатҳои суғуртавиро бояд вориди кор кард. Ё маблағи кафолати 10 миллион муқарраршударо каме поинтар бурд. Ҷараёни гирифтани пули муштариёнро низ зери назорати шадид бояд гирифт”.

Ҳуқуқшинос Сафарзода Парвиз, ки солиёни зиёд қазияи баҳси ширкатҳои сохтмонӣ ва харидоронро баррасӣ мекунад, мегӯяд: “Қарори мазкур манфиатовар аст, вале он мушкили харидорро пурра ҳал намекунад. Шаҳрдорӣ бояд фурӯши хонаҳоро аз таҳкурсӣ манъ кунад. Пешниҳод мекунам, ки аввал 50%-и корҳои сохтмонӣ дар бинои навсоз иҷро шуда, аз ҷониби комиссия қабул карда шавад, баъдан фурӯши хонаҳо ба роҳ монда шавад. Ин метавонад роҳи ҳал бошад”.

Чаро чунин шуд?

Ҳукумати Душанбе пайваста тарзи сохтмон, тарҳи  биноҳо, набудани инфрастуктураи лозимаро дар иншооти тозабунёди пойтахт зери танқид мегирад, ки он асоснок аст. Интиқоди шаҳрдорӣ аз он аст, ки баъзе аз биноҳо роҳҳои зарурӣ, майдони бозии кӯдакон ва шароити хуби равуо барои маъюбону таваққуфгоҳ надоранд. Қарори зикршуда маҳз ба пешгирии ин ҳолатҳо нигаронида шудааст.

Агентии омор хабар медиҳад, ки аз аввали имсол бунёди манзил дар Тоҷикистон дар муқоиса ба соли гузашта бамаротиб кам шудааст. Соле пеш тақрибан 1 миллиону 430 ҳазор метри мураббаъ манзил сохта буданд. Имсол ин омор 50% кам аст.

Аз шаҳрдории Душанбе хабар медиҳанд, ки ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 2018 ширкати сохтмонӣ иҷозатнома доранд, ки аз ин 53 ширкат хориҷиянд.

О. СОҲИБЗОДА

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.