Идомаи шиносоии нафақагирон дар Хатлон
Дар вилояти Хатлон ҷиҳати мушаххас кардани чеҳраи шахсияти нафақагирон (Face ID)» қайдгирии нафақагирон идома дорад. Бақайдгирии онҳо аз 1 то 30 декабр идома хоҳад кард.
Қобил Файзализода, сардори Раёсати агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон гуфт, ки аз нав ба қайдгирии нафақагирон ва ё шинохти чеҳра дар шаҳру ноҳияҳо бо маром идома дорад. Ӯ мегӯяд, шуруъ аз аввали декабр то имрӯз, 232 ҳазору 319 нафақагир шиносоӣ шудаанд.
Ба таъкиди вай то охири моҳ бақайдгирӣ ба охир расонида хоҳад шуд.
“Маъюбону пироне, ки имкони омадан ба ҷой лозимаро надоранд дар макони зисташон ба қайдгирифта мешаванд”.
Дар вилояти Хатлон 311 ҳазору
ҳазору 669 нафақагир зиндагӣ мекунад, ки наздики 232 ҳазору 320 нафари онҳо бақайд гирифта шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ