Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №129 дар шаҳри Душанбе
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №129 дар маҳаллаи Сомони ноҳияи Фирдавсӣ сеюмин иншооти соҳаи маориф аст, ки 15-уми август бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ифтитоҳ ёфт.
Бино ба иттилои расмӣ, иншоот аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Умар Алимадов сохта шудааст.
“Ба ҳолати имрӯз шумораи хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №129 дар маҳаллаи Сомони ноҳияи Фирдавсӣ 1733 нафарро ташкил медиҳад. Иншоот имкони дар беҳтарин шароит ба таҳсил фаро гирифтани насли ояндаи миллатро дорад, зеро 56 синфхонаи муҷаҳҳаз бо муҳимтарин лавозимоти хониш барои 2400 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.




Кабинетҳои фаннии химия, биология, физика, география, технологияи меҳнат, омодагии ибтидоии ҳарбӣ ва технологияи иттилоотӣ мутобиқ ба талабот сохта шуда, ба ташаккули зеҳну тафаккури хонандагон замина хоҳад гузошт.
Истифода аз ду китобхона: электронӣ ва анъанавӣ дастрасии хонандагонро ба адабиёт ва барномаҳои таълимии дар сомонаҳо маҳфуз таъмин месозад.
Муассиса дар маҷмуъ дорои наздик ба 60 компютери пайваст бо шабакаи байналмилалии интернет аст.
Маҷлисгоҳ бо 310 ҷойи нишаст, ошхона бо 216 ҷойи нишаст, ҳуҷраи табиб ва дигар иншооти ёрирасон, ки дар муассиса сохта шудаанд, дар маҷмуъ ба беҳбудии сифати таҳсил ва кору фаъолияти омӯзгорон замина мегузорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ