Фоҷиаи роҳбарони собиқи Афғонистон

(Идомаи мақолаи Вақте ки ҳақиқат тир хӯрд)

Фоҷиаи роҳбарони собиқи Афғонистон дар чӣ буд?

1. Нодида гирифтани воқеияти бисёрмиллатӣ:

Роҳбарони Афғонистон – аз Таракӣ то Наҷибуллоҳ – дар суханон ва барномаҳо аз “баробарии ҳамаи табақаву миллатҳо” ёд мекарданд, аммо дар амал, сиёсатҳои марказгароёна ва пуштунмеҳварӣ роҳандозӣ карданд. Ҳатто дар давраи ҳукумати “коммунистӣ”, ки бояд ба қавле интернатсионалистӣ мебуд, забони пашту бартарӣ дошт, тоҷикон, ҳазораҳо, туркману ӯзбекҳо дар канор қарор доштанд.

2. Ғафлат аз “муодилаи миллӣ”:

Ҳамаи ин раҳбарон, ба ҷойи сохтани иттиҳоди воқеии миллӣ ва эҳтиром ба манфиатҳои миллӣ ва фарҳангии дигар халқиятҳо, бештар ба идеологияи кӯркӯрона такя карданд:

– Таракӣ ва Амин – ба марксизм,

– Кармал – ба иродаи Маскав,

– Наҷиб – ба сиёсати амниятӣ ва тарс.

Аммо ҳеҷ кадом ба эҳсоси ҳувияти миллӣ, меҳанпарастӣ ва фарҳангпарварии мардум рӯй наоварданд. Онҳо мехостанд ба қудрат бо зӯр бирасанд, на бо эътимоди мардум.

Чаро Таракӣ ва Наҷиб ҳуқуқи тоҷиконро маҳдуд карданд?

Ин ба ду сабаби аслӣ вобаста буд:

1. Сиёсати пуштунмеҳварӣ:

Ҳарчанд ҳукумат коммунистӣ буд, аммо таҳти таъсири элитаи пуштун қарор дошт. Барои онҳо тоҷикони фарҳангӣ, дорои забони хаттӣ, таърих ва андеша хатарнок менамуданд. Онҳо мехостанд, ки забони пашту ба таври маҷбурӣ дар тамоми муассисаҳо ҳукмрон гардад. Бехабар аз он буданд, ки маҳдуд кардани тоҷикон – хомӯш кардани огоҳист.

2. Тарси сиёсӣ аз неруи тоҷики босавод:

Тоҷикон бештар ба фарҳанг, илм ва коргузорӣ рӯй меоварданд. Дар артиш, таҳсилот ва сохторҳои давлатӣ тадриҷан неру мегирифтанд. Ҳукумати Таракӣ ва баъдтар Наҷиб бо дахолати КГБ ва дигар органҳо кӯшиш мекард сабзиш ва нуфузи тоҷиктабориро низ назорат кунад, ки инро баъзан ҳатто бо рақобатҳои дохилишуравӣ шарҳ медиҳанд.

Хулосаи ибратомӯз:

Ҳеҷ ҳукумати мардуми Афғонистон бе қавмҳо, бе тоҷикон, бе ҳазораҳо, бе ӯзбеку туркман намоён шуда наметавонад.

Давлате, ки бар адолат ва эҳтироми фарҳангҳои ҳамаи миллатҳо набошад – ҳатто агар бо неру сохта шавад – бар рӯи хоки гарм боқӣ намемонад.

Хомӯшӣ ё хитоб – сарнавишти тоҷикон дар саҳнаи сиёсии Кобул

Дар тамоми марҳилаҳои ҷунбишҳои сиёсӣ ва низомии Афғонистон – аз давраи Таракӣ ва Амин то замони Наҷибуллоҳ ва ҳатто суқути Кобул дар оғози солҳои 90-ум – тоҷикон ҳамчун як ҷиноҳи муҳим ва фаъоли иҷтимоӣ дар канор монда буданд. Дар пасманзари шиорҳои «баробарӣ», «адолат» ва «ҷумҳурияти мардумӣ» ҳақиқати сахттаре пинҳон буд: сиёсати ҳошиягузорӣ, маҳдудсозии забони тоҷикӣ ва фишори идеологӣ.

Ин сиёсат на танҳо дар замони амирон ва подшоҳони паштун, балки ҳатто дар ҳукумати ба ном “прогрессивӣ”-и Ҳизби халқии демократии Афғонистон (ҲХДА) идома ёфт. Ин ҳизб, ки бо шиорҳои марксизм ва интернатсионализм бар маснад омад, дар асл як системаи зериҷилдаи миллитористӣ ва марказгароро ҳифз намуд, ки дар он этносҳои ғайрипуштун – бахусус тоҷикон – ҳамоно дар канори саҳна монданд.

Таракӣ, ки худ зодаи Ғазнӣ ва бо забони форсӣ ошно буд, дар амали сиёсӣ бештар ба паштунизм такя кард. Амин, ки зоҳиран бо «тоҷикона фикр кардан»-и ҳамкоронаш меҳрубон буд, пас аз сари қудрат омадан, бо заҳри нафрат забони тоҷикӣ ва тарбияи равшанфикрони форсизабонро дар ҳамон рӯзе баст, ки ба хобгоҳи Таракӣ болиш гузошт. Сиёсати маҳдудсозии истифодаи забони форсӣ дар идораҳо, мактабҳо ва расонаҳо маҳз дар ҳамин давра шакл гирифт. Дар ҳукумати Бабрак Кармал низ, ки худ дар сатҳи шахсӣ бо тоҷикон робитаи хуб дошт, сиёсатҳои давлатӣ ба нафъи пуштунсозӣ нигоҳ дошта шуданд. Ва дар ҳукумати Наҷиб, ки бо шиори «Мусолиҳаи миллӣ» баромад кард, таассуби қавмӣ ҳамоно боқӣ монд.

Масъалаи баробарӣ – дар сухан ё амал?

Сарфи назар аз ширкат ва фидокориҳои тоҷикон дар артиш, маориф, фарҳанг, ҷунбишҳои миллӣ ва муқовимат, онҳо ҳамеша дар зинаҳои баланди ҳукуматӣ ҷойгоҳи намоён надоштанд. Сарвазирон, вазирони калидӣ, раиси ҷумҳурии пасопарламентӣ – ҳама аз доираҳои муайян ва пуштутабор интихоб мешуданд.

Барои мисол, генералҳои тоҷики Афғонистон, ки дар бахши амниятӣ ва артиши давлатӣ хидмат мекарданд, аксаран дар соя монданд. Мушовирони тоҷик, маорифпарварон, ходимони фарҳанг, ҳатто муҷоҳидони форсизабон – ҳама ба гунаи “комилан лозим, вале идеологӣ хатарнок” шинохта мешуданд. Ва ҳамин муносибати дугона буд, ки на танҳо тоҷиконро аз ширкат дар тасмимгириҳои стратегӣ маҳрум кард, балки фурсати эҷоди як кишвари воқеан гуногунмиллатиро низ сӯхт.

Агар мешуд…

Агар роҳбарони ҲХДА ва давлатҳои пасини Кобул ҳуқуқи миллӣ ва забонии ҳамаи халқи Афғонистон, аз ҷумла тоҷикон, ҳазораҳо ва турктаборонро ба расмият мешинохтанд ва сиёсати ҳақиқии баробариро татбиқ мекарданд, мумкин буд давлатдории онҳо пойдор мемонд. Зеро пуштибонии мардумӣ на бо тӯп, балки бо эътимод ва эҳтиром ба ҳуқуқи мардум устувор мешавад.

Тақдири ҳизбҳо ва роҳбарони шӯравии Афғонистон нишон дод, ки нодида гирифтани воқеиятҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, маҳдуд кардани забон, ҳувият ва саҳмгузории этносҳои асосии кишвар дар ниҳоят ба суқути низом меорад – новобаста аз ҳимоятҳои хориҷӣ ва артишҳои саропо мусаллаҳ.

Тоҷикон – фаромӯшшудагони қудрат ва ақли сарнавиштсоз

Дар ҷанги тӯлонии неруҳо барои назорат бар Афғонистон, таърих шоҳиди он гашт, ки маҳз хомӯшӣ ва канор ниҳодани ҳақиқат дар ниҳоят садои фоҷиаро баландтар мекунад. Яке аз ҳақиқатҳое, ки замони ҳукумати Шӯравӣ дар Афғонистон сарфи назар шуд, ҳастии тоҷикон ҳамчун неруи сиёсӣ ва иҷтимоии мустақил буд – ки агар ба таври дуруст ба онҳо такя мешуд, шояд симои давлатдории Афғонистон тағйири амиқе пайдо мекард.

Тоҷикон – порае аз миллати таърихсоз, бо решаҳои тамаддунии мустаҳкам, бо пайвандҳои хешутабории нажодӣ ва фарҳангӣ ба форсизабонони Осиёи Миёна, на танҳо аз ҷиҳати демография, балки аз ҷиҳати маънавиёт ва фарҳанг, пуштибониҳои табиӣ ва таърихии субот буданд. Ва маҳз ин мардум дар дарозои таърих гоҳе бо қалам, гоҳе бо шамшер ҳувияти миллиро пос медоштанд. Аммо дар бурдани бори сиёсати шӯравӣ дар ин кишвар, онон, ки сахт сазовори эътимод буданд, ба канор андохта шуданд.

Ҳукумати Таракӣ – шикаст дар шинохти миллат

Нурмуҳаммад Таракӣ, ки бо шиорҳои адолати иҷтимоӣ ва пуштибонии заҳматкашон бар сари қудрат омад, забони тоҷикӣ ва манфиатҳои тоҷиконро ба расмият нашинохт. Ӯ шояд худро марди марзҳои идеологӣ медонист, на ҷуғрофия. Аммо фаромӯш кард, ки миллатҳо танҳо бо шиор намемонанд – онҳо нафас мехоҳанд, забон мехоҳанд, ҳузур мехоҳанд. Ӯ забони модарии даҳҳо дарсад аз мардуми кишварро ба расмият нашинохт ва бо ҳамин решаи пайвандро бурид.

Ҳукумати Амин – сарфи назар аз мардум, такя ба неру

Ҳафизуллоҳ Амин, ки бо дастбӯсии “устодҷон”-аш Таракӣ ба қудрат наздик шуд ва пасон бо болиш нафасашро гирифт, сиёсати таъқибот ва фишорро нисбат ба ақвоми ғайрипуштун тақвият бахшид. Маҳз ӯ буд, ки дар номае ба сафири Шӯравӣ навишт: “Аз ҳамаи ҷумҳуриҳои шӯравӣ ёрӣ бифиристед, ҷуз аз Тоҷикистон”.

Ҳамин як ҷумла, ки бо хуни ҷавонони тоҷик дар Ҳиндукуш сабт шуд, кофист, ки равиши хатарбори ҳукумати ӯро нишон диҳад.

Ҳукумати Кармал – рӯпӯши русии як бунбаст

Бабрак Кармал бо нармӣ ба Кобул ворид шуд, аммо натавонист бо мардум, бахусус бо тоҷикон робитаи воқеӣ созад. Забони форсии кобулӣ гӯё дар лабҳояш қалбакӣ садо медод. Сиёсати ӯ бар пойи харитаи Шӯравӣ, вале рӯйи хоки Кобул бидуни реша, бидуни иртибот рехта мешуд.

(Давом дорад)

Шариф Ҳамдампур

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *