Ифтитоҳи кӯдакистони “Ватанпарвар” дар Душанбе

Имрӯз, 3 декабр бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Нисор Муҳаммадии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ватанпарвар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар кӯдакистони хусусии Ватанпарвар барои 12 гуруҳ, 50 парастор ба кор бо маоши хуб ҷалб шудааст. Раванди таҳсил дар он бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.

“Дар кӯдакистон барои гузаронидани маҳфилу чорабиниҳои гуногун, инчунин ҷалби кӯдакон ба тарзи ҳаёти солим толорҳои варзишӣ ва бозӣ, толори мусиқӣ, рақс ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон амал мекунад, ки ҳамаи он дорои таҷҳизот ва лавозимоти зарурӣ мебошад”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *