Ифтитоҳи муассисаи томактабӣ дар Левакант
Дар шаҳри Левакант Муассисаи томактабӣ барои 120 кӯдак ба истифода дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи иншооти мавриди назар, Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон иштирок кард.
Муассиса, ки барои қабули 120 кӯдак пешбинӣ шудааст, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи кӯдакон ва зиёд намудани фарогирии онҳо ба кӯдакистон бунёд гардидааст.
Ба иттилои масъулин, бинои муосири муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.
Муассисаи томактабӣ дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон ва истиқболи шоиста аз 35 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар ба истифода дода шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ