Ифтор манъ нашудааст, аммо…
Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон овозаҳо дар бораи манъ ё маҳдуд шудани баргузории маъракаи ифторро рад кард.
Масъулони ин ниҳод гуфтанд, ки чунин хабарҳо “асоси воқеӣ надоранд” ва баргузории ифтор дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим” маҳдуд нагардидааст.
Ба таъкиди манбаъ, то имрӯз қонуни танзим барои ифтор ҳеч гуна маҳдудияти махсус пешбинӣ накардааст.
Дар баробари ин, Кумитаи дин аз сокинони кишвар даъват кард, ки ҳангоми баргузории маъракаҳои ифтор ба исрофу зиёдаравӣ роҳ надиҳанд.
“Ҳамватанони мо метавонанд ба ҷойи густурдани хони бодабдаба, дар ҳадди тавон таом ё дигар маводи ғизоиро ба ниёзмандон ва ҳамсояҳо ирсол намоянд ва ба ин васила аз аҷру савоби бештар бархӯрдор гарданд”, – гуфтанд аз ниҳод.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки анҷоми хайру садақот танҳо бо додани таом маҳдуд намешавад. Кумита тавсия дод, ки дар моҳи шарифи Рамазон сокинон ба садақаи ҷория, аёдати беморон, дастгирии ятимону ниёзмандон ва дигар корҳои хайр бештар таваҷҷуҳ намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ