«Ихтисос+забони чинӣ»-модели нави таълим дар Душанбе

20 январи соли 2026 дар шаҳри Душанбе созишномаи ҳамкорӣ байни Институти Конфутсий дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва филиали Душанбегии Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологии Институти пӯлод ва хӯлаҳои Маскав (ДМТТ ИПВХМ) расман ба имзо расид.

Маросими имзои созишнома дар бинои филиали Душанбегии ДМТТ ИПВХМ баргузор гардид. Санадро М.А. Ҷӯраев, директори филиал ва Сун Ҷин, директори Институти Конфутсий дар ДМТ ба имзо расониданд.

Созишномаи мазкур ба фароҳам овардани шароити мусоид барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони чинӣ равона шуда, татбиқи модели таълимии «ихтисос + забони чинӣ»-ро пешбинӣ менамояд. Ҳадафи он рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад.

Тибқи созишнома, ҳамкорӣ дар самтҳои маориф ва фарҳанг густариш ёфта, мубодилаи илмӣ-таълимӣ тақвият меёбад ва таълими босифати забони чинӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар тарғиб карда мешавад.

Институти Конфутсий ӯҳдадор шудааст, ки дастгирии илмӣ ва методӣ расонида, ҳамкории байни факултаи санъат ва илмҳои ДМТТ ИПВХМ ва донишгоҳҳои Ҷумҳурии Мардумии Чинро фаъолона рушд диҳад.

Дар маросими имзои созишнома А.В. Патрушев, директори Хонаи илм ва фарҳанги Русия, Б.А. Абдураҳимзода, намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Д.Р. Таирова, директори Маркази забон ва фарҳанги русии факултаи санъат ва илмҳои ДМТТ ИПВХМ ва дигар намояндагони соҳаи маориф иштирок намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *