Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Табибони бемористони Ибни Сино низ бемор шуданд

Чанд нафар аз табибони Бемористони Ибни Синои шаҳри Душанбе низ ба бемории сироятии ҷадид, ки феълан дар Тоҷикистон хуруҷ кардааст, гирифтор шудаанд. Дар ин бора Абдухалил Холиқзода, роҳбари ин бемористон иттилоъ медиҳад. Холиқзода субҳи имрӯз дар саҳифаи Фейсбукаш навишт:

“Беморие вогире, ки дар кишвари мо шуюъ кард, муттаассифона ҳатто мо, кормандони риштаи тибро ғофилгир намуд. Чанд нафар аз кормандони Бемористони Ибни Сино низ ба ин беморӣ мубтало шуданд ва дар ҳоли ҳозир зери муроқибат қарор доранд, умедворам ба зудӣ сиҳҳат ёбанд ва сари кор баргарданд”. Вале Холиқзода мушаххас нагуфт, ки кормандонаш гирифтори  кадом беморӣ ҳастанд: Короновирус, ки ба гуфти мақомот расман дар кишвар ба қайд гирифта нашудааст ё пневмония, ки аксаран бо чунин гирифторӣ дар беморхонаҳо таҳти назорат ҳастанд.

Дар идома Холиқзода менависад, ки бемористони таҳти назораташ омода аст, ки ба Вазорати тандурустӣ кӯмак кунад ва беморони сироятиро низ қабул намояд.

“Мудирияти Бемористони Ибни Сино басуръат бемористонро барои қабули маризони уфунӣ омода месозад. Ин омодагиҳо аз таъмини васоили ҳифзи шахсии кормандон сар карда то бозсохти таминотӣ ва таъсисотиро шомил мешавад. Хушбахтона дар ҳоли ҳозир бемористонҳои таъсисдодаи Вазорати беҳдошт тахтҳои кофӣ барои қабули ин беморон доранд. Мо ният дорем, ки аз аввали ҳафтаи оянда, рӯзи 4 май ҳамаи омодагиҳоро барои қабули беморони уфунӣ ба сомон расонем ва агар вазорати тандурустӣ лозим донад, мо низ ба қабули беморони уфунӣ оғоз хоҳем кард”.

Бемористони Ибни Синои шаҳри Душанбе яке аз беморхонаҳои машҳури хусусӣ аст, ки дар ибтидо бештар табибони эронӣ дар он ба муолиҷаи беморон машғул буданд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.