Имсол Наврӯз 5 соат дер фаро мерасад

Имсол Наврӯз 20-уми март, соати 19:45:53 ба вақти Душанбе фаро мерасад.

Анвар Бӯризода, директори Институти астрофизикаи Академияи илмҳо ин ҳодисаро “таҳвили сол” унвон додааст.

“Маҳз дар ҳамин лаҳза маркази қурси Офтоб дар ҳаракати зоҳирии худ аз нимкураи ҷанубии осмон ба нимкураи шимолӣ мегузарад ва нуқтаи буриши масири Офтоб (эклиптика, доират-ул-буруҷ) ва хати истивои осмон (экватор)-ро нуқтаи эътидоли баҳорӣ меноманд”,- изҳор доштааст Бӯризода.

Соли 2025 дар Тоҷикистон Наврӯз санаи 20-уми март, соати 14:01:25 бо вақти Душанбе фаро расида буд, вале имсол нисбат ба соли қаблӣ 5 соат дертар фаро мерасад. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *