Имтиёзи махсус ба ғолибони олимпиадаи хонандагони синфи 11 дар Душанбе
22 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе маросими ҷамъбасти олимпиадаи хонандагони синфҳои 11 аз рӯйи фанҳои математика, физика, химия, биология, технологияҳои иттилоотӣ ва география баргузор гардид. Дар ин сабқати зеҳнӣ беш аз 1000 хонандаи синфи 11-и муассисаҳои таълимии пойтахт иштирок намуда, барои дарёфти «Ҷоми Раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» рақобат карданд.
Дар чорабинӣ ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода, муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулбосит Шодиниё, намояндагони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, инчунин омӯзгорону хонандагон иштирок намуданд.
Убайдулло Асрорзода зимни суханронӣ таъкид кард, ки ин чорабинии муҳими илмию маърифатӣ бозгӯи сатҳи баланди донишу ҷаҳонбинии илмии ҷавонон буда, шавқу завқи онҳоро ба омӯзиши илмҳои дақиқ боз ҳам тақвият мебахшад.
Гуфта шуд, ки олимпиада дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор гардида, қабули имтиҳонҳо ва ҷамъбасти натиҷаҳо бо иштироки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.
Ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм бо Ҷом, диплом ва мукофотҳои пулӣ сарфароз шуданд.
Ҳамзамон, раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки барои ғолибон ҳангоми дохил шудан ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон як қатор имтиёзҳо, аз ҷумла кам намудани маблағи таҳсил, пешниҳоди имкониятҳои таҳсил дар хориҷи кишвар ва ҷудо намудани стипендияҳои раёсат фароҳам оварад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ