Монолог

Аз гӯштфурӯше пурсидам:

– Инсоф дорӣ?

Гуфт:

– Не, ман фақат гӯшт мефурӯшам.

Ҷаноби Хоҷаев, ин латифаест кӯтоҳ, вале маънии муҳиму сара дорад. Гӯяндаи он ҳаҷвнигори ширинсухан Холиқназар Ҷумъазода аст.

Аммо, пеш аз ҳама, инсоф чист? Инсоф ҳамон чизест, ки ту, ӯ, онҳо, ман дар рафтори худ бармекашем ва онро дар нисбати чанд нафар ва ё табақае дар фикр баррасӣ мекунему масъулем аз рӯйи натиҷаи фикрамон амал намоем. Инсоф аввалан аз синаи мо бармехезад ва таъсири мусбату манфияш ҳам ба мо мерасад ва ҳам ба атроф. Яъне, чун меъёри инсоф дар миён аст, мо набояд мусаллат ва мутамарказ ба ядро, ба як нуқта бошем. Мо масъулем заррачаҳои атрофи ядроро низ ба инобат бигирем ва чунон пазироӣ намоем, ки онҳо бе якдигар вуҷуд дошта наметавонанд. Вақте чунин пазироиро дошта бошем, ҳадди ақал имкон нахоҳем дод “гӯштфурӯш”-и Холиқназар Ҷумъазода гӯшташро бо ҳар нархи кироиву нокиро бифурӯшад ва боз ба нафаре, ки бо ӯ баробарвазн асту баробараш ҳақи бархӯрдорӣ аз неъматҳои баробарарзишро дорад.

Ин албатта таҳдид нест. Ин илҳоҳ, хоҳишест, ки ману шумо ҳамеша бояд дар пайаш бошем, то насли инсон аз ҳамдигар адолату ростиро пинҳон накунанд ва ба таври шоиставу боиста амал намоянд.

Аммо, намешавад ҷаноби Ҷумъазодаро ҳам мазбут бигрифт ва талаб кард, ки посухи навиштаашро шарҳ диҳад ва ё аз баҳраш бигзарад. Зеро, гуфтаи ӯ ишораи рӯзмарра аст ва ҳамаи мо чунин саҳнаро ҳар рӯз, ҳадди ақал, вақте ба бозор меравем, мушоҳида мекунем. Дур намеравем, растаи картошкафурӯшҳоро пеши назар меорем. Агар аҳамият дода бошӣ, савдогарон рӯйи ғурфаҳояшон картошкаро чунон боҳунарона мечинанд, ки дидан замон об мешавӣ. Вале, вақте фармоиш додӣ, аз пушт, аз “паси парда” бароят картошкае бармекашанд, ки ҳангу мангат меканад…

Ҳамин ҳоло як лаҳза ба хотирам омад, дӯстам Хоҷаев. Лаҳза марбут боз ҳам ба бозору бозорӣ кардан аст. Аммо, қабл аз он, ки ба тасвири лаҳза пардозам, бояд зикр намоям, меъёри вуҷуди як нафар инсон набояд танҳо бо дарназардошти он чӣ баркашида шавад, ки мо бо чашм мебинем. Гоҳ-гоҳ чашми дилу хирадро ҳам бояд ба кор бурд!…

Акнун таваҷҷуҳ намо! Рӯзи на гарм ва на сарди тоқатфрсост. Ҳаво муътадил аст, аммо сим-сим борон меборад. Шоҳид мешавам, ки чор писарча ҳамроҳ, бо як роҳ, ба як сӯй роҳ мепаймоянд. Се нафар бозиву ханда доранд. Як нафар дар ду даст покети сиёҳ дорад, пур аз пиёз, сабзӣ, картошка… Шояд чанд чизи дигар, аммо на гӯшт!!! Изтироб ва нанг мани бандаи гандаро домангир мешавад. Оҳ, охир, чаро он шарикон ба ӯ ёрмандӣ намекунанд? Магар дар ин дунё ӯ барои онҳо ва онҳо барои ӯ офарида нашудаанд? Ақлам намерасад ба ташхиси ин ҳолат. Мегӯям: “Додари ҷон, ёрдам кунам?”. Мегӯяд: “Раҳмат ако, қувватам мерасад”… Ман ӯро зуд, бе ягон далелу шарҳу исбот мефаҳмам ва мефахрам… Ва бо худ мегӯям: “Аҳсан, ки бо ин ҷисми кӯчаку ғурури бузург бори зиндагиро бар дӯш кашида ва мардона аст”…

Акнун боз дар бораи гӯшт. Чун баҳсаш боз доғ шудаву ҳатто то садри ниҳоди асосии масъули кишоварзӣ сахт расидааст.

Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии рӯзи 29-уми январ савдогаронеро, ки гӯштро гарон  мефурӯшанд, “ҷаллоб” номид. Ӯ гуфт, ки барои ба эътидол овардани нархи гӯшт бояд дастаҷамъона кор кард. “Айни замон нархи гӯшти воридотӣ 75-77 сомонӣ ва дар ярмаркаҳо аз 65 то 70 сомониро ташкил медиҳад. Бисёре аз ҷаллобон, узр барои истифодаи чунин калима, баҳри фоидаи худ беасос нархҳоро боло мебаранд. Нарх вобаста ба вазъи биологӣ ва ҷисмонии чорво аз 50 то 54 сомонӣ, вале баъд гӯштро бо нархи 110-115 сомонӣ мефурӯшанд. Ин ҷо ҳам бояд инсоф бошад охир? Мо доимо аз арзишҳои исломӣ, ҳаҷ ҳарф мезанем, лекин маҳз дар моҳи Рамазон ва дигар иду маросим бархе нархҳоро боло мебаранд…”,- зикр кард вазир.

Ман фикр мекунам, ки ҷаноби вазир набояд барои истифодаи калимаи “ҷаллоб” узрхоҳӣ намояд, рафиқ Хоҷаев, чун вокуниши солим аст. Моҳи шарифи Рамазон наздик аст ва боварӣ дорам, ки ба ҳамаашон набошад ҳам, ба қисме аз савдогарони ҷаллоб эътирози ӯ таъсир кардаву виҷдонашон меҷунбад.

Фазлиддин АСОЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *