Ироқ: ҳукми ҳабси абад барои 5 зани тоҷик

Додгоҳи Ироқ боз панҷ зани тоҷикро бо ҷурми узвият дар гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” ба ҳабси абад маҳкум кард. Ин занон аз ноҳияҳои Фархору Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ва шаҳри Исфараи вилояти Суғд ҳастанд.

Бар асоси ҳукми додгоҳ, ки рӯзи 30-юми январ содир шуд, Садорат Қурбонова, Мафтуна Маҷидова, Гулрухсор Алиева ва Гулбаҳор Сайфуллоева бо духтараш Маҳфуза Қурбонова то охири умр дар маҳбас хоҳанд монд.

Зубайдулло Зубайдзода – сафири Тоҷикистон Кувайту Ироқ – рӯзи 31-уми январ хабари ҳукми занони тоҷикро дар Ироқ тасдиқ кард. Ӯ гуфт, дар муҳокимаи додгоҳии занон намояндаи сафорат низ иштирок дошт.

Дипломатҳои тоҷик мегӯянд, дар ҳоли ҳозир эълони ҳукми Мақсуда Ҷахбарова, як шаҳрванди узбекзабони Тоҷикистон, бо далели ёфт нашудани тарҷумон ба таъхир афтодааст. Ин зан аз шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд буда, ду фарзанд дорад.

Додгоҳҳои Ироқ то кунун 43 зани тоҷикро ба муддатҳои тӯлонии зиндон (аз 16 сол боло) ва ҳабси абад маҳкум кардаанд. Дар ин миён чаҳор зани тоҷик ба қатл маҳкум шуда, ҳукми онҳо ҳанӯз ба иҷро надаромадааст.

Соли 2014 дар ҳудуди Сурия ва Ироқ гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” хилофати худхонда эълон кард. Тибқи омори ахири мақомоти Тоҷикистон 1899 шаҳрванди кишвар ба сафи гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайвастаанд, ки дар миёнашон беш аз 400 зану кӯдак ҳам буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *