Испания-теъдоди ҳалокшудагон 39 нафар
Дар натиҷаи бархӯрди ду қатора дар Испания 39 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 100 мусофир ҷароҳат бардоштааст. Ин ҳодиса дар минтақаи Кордоваи Испания ба амал омадааст. Қаблан расонаҳо теъдоди ҳалокшудагонро ба 21 нафар гуфта буданд.
Ҳодиса шоми 18-уми январ ба вуқуъ пайвастааст. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, қатора аз самти Малагӣ ба тарафи Мадрид бо 317 мусофир дар ҳоли ҳаракат будааст, ки аз релс хориҷ ва ба қатораи дигари дар ҳоли ҳаракат ба самти Мадрид – Уэлва бархӯрдааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ