Иштироки Дилрабо Мансурӣ дар Форуми ҷаҳонии парасторон
Рӯзҳои 15-16 январ дар шаҳри Мадриди Подшоҳии Испания нахустин Форуми ҷаҳонии парасторон баргузор гардид.
Дар он ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ иштирок намуд.

Дар форум Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки фароҳам овардани шароит барои некӯаҳволӣ ва рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Намунаи ин таваҷҷуҳ, соли 2024 Тоҷикистон дар ҷаҳон давлати 67-ум шуд, ки муҷозоти ҷисмонии кӯдаконро дар ҳама шароит манъ кардааст.
Гуфта мешавад, ҳоло Тоҷикистон ба таҳияи чаҳорчӯби миллии дастгирии волидайн ва нақшаи муфассали чорабиниҳо шуруъ кардааст. Ҳадафи асосӣ беҳтар кардани дастрасӣ ба таълим, табобат, истироҳат ва такмили маҳорати наврасон дар саросари ҷумҳурӣ тавассути ҳамгироии дастгирии волидон мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ