Аз 26 январ дар Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти соли 2025 оғоз мешаванд

Аз 26 январ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе, инчунин шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нишастҳои матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соли 2025 баргузор мегарданд.

Тибқи иттилоъ, нақшаи ташкил ва баргузории нишастҳои матбуотӣ аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон тасдиқ шуда, мутобиқи он нишастҳо аз 26 январ оғоз ёфта, то 13 феврал идома хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҳамоҳанг месозанд.

Барои маълумоти иловагӣ рақамҳои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04 ва 946-04-00-00 пешниҳод шудаанд.

Ҳамчунин эълонҳо дар бораи вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳамарӯза, дар рӯзҳои корӣ, дар сомонаи расмии АМИТ «Ховар» – www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр хоҳанд шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *