Заминларза дар Покистон дар Тоҷикистон ҳам эҳсос шуд

Имрӯз, 19 январ, соати 11:21 бо вақти маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон заминларза эҳсос гардид. Дар ин бора Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, маркази заминҷунбӣ дар ҳудуди Покистон ҷойгир буда, аз шаҳри Душанбе 526 километр ва аз шаҳри Хоруғ 259 километр ҷанубу шарқ дурӣ доштааст. Қувваи таконҳо дар маркази заминларза 6-7 дараҷа ва дар шаҳри Хоруғ то 3 дараҷа арзёбӣ шудааст.

Хадамоти геофизика таъкид мекунад, ки тибқи маълумоти пешакӣ, дар ҳудуди Тоҷикистон ягон харобӣ ё талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *