Қиссаи зангирии мардҳои машҳур

    Дар ҳар як соҳа шахсиятҳое ҳастанд, ки ба қуллаи баландтарин расида ситора мешаванд. Иддае ба ситораҳо бо чашми ҳавас менигаранд, бархе ҳасад бурда, ҳар хел гапҳои дурӯғ мебофанд, то ки обрӯи ин ё он ситораро ба хоки сиёҳ яксон намоянд.

Новобаста ба ҳама сару садо ва овозаю ҳангомаҳое, ки тез-тез дар атрофи номашон пайдо мешаванд, ситораҳо низ мисли мову шумо инсон ҳастанд ва дил доранд. Диле, ки ошиқ шуда, беқаророна метапад.

Инак, қиссаи кӯтоҳи ишқ ва издивоҷи чанд шахси шинохтаро пешкаши шумо мегардонем.

Аскар Ҳаким, шоири Халқии Тоҷикистон:

41 сол дар оғӯши духтари ҳамсоя

-Устод, хонандагони “Оила” тез-тез ба мо занг зада, дар бораи зиндагии шахсиятҳои намоён пурсон мешаванд. Мехостем донем, ки шумо бо ҳамсаратон чӣ гуна шинос шудед ва умуман ҳамчун мард аз зиндагии оилавии худ розӣ ҳастед ё не?

Ман ҳамсарамро аз овони бачагию ҷавониям мешинохтам, чунки ӯ дар ҳамсоягии мо зиндагонӣ мекард. Хулқу атвораш писандам буд, аз ин рӯ, пас аз ҳимояи  рисолаи номзадӣ-дипломӣ, ки дар донишгоҳи Ломоносови шаҳри Москва сурат гирифт, ба ватан омада, иродаамро ба волидонам фаҳмондам. Онҳо ба хонаи ҳамсоя рафта, бо мувофиқа духтари ҳамсояро пойбанд карданд.

Тарафи қудо хостгории шуморо чӣ гуна қабул карданд?

-Баръакс, онҳо аз ташрифи волидонам бисёр хушнуд гашта, фотиҳа доданд ва ману ҳамсарам бо дуои эшон ва расму оини маъмулии тоҷикона оила бунёд намудем.

-Росташро гӯед, ба гӯши духтари ҳамсоя ғазалҳои ошиқона хонда дилашро ёфтед ё …?

-Ману духтари ҳамсоя ҳамдигарро хуб мешинохтем, вале боре ҳам дар бобати ишқу муҳаббат ҳарф назада будем. Аниқтараш ман ҳеҷ ҷуръат намекардам, ки диламро ба ӯ кушоям. Ризоият ва дуои волидайн моро хушбахт гардонд.

-Ҳамсаратон чӣ кораанд?

Баъди хонадоршавии мо хонумам ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе дохил шуда, факултаи забон ва адабиётро хатм кард ва чандин сол ба сифати рӯзноманигор дар рӯзнома ва муҳаррир дар нашриёт хидмат намуд.

Муъҷиза рӯй дода аз нав ҷавон шавед, боз ҳамин ҳамсаратонро интихоб мекардед ё на?

Ману ҳамсарам соли 1977 хонадор шуда, 41 соли умри хешро паҳлӯи ҳам сипарӣ намудем ва ягон лаҳза ман аз он ки бо ин бону хонадор шудам, эҳсоси пушаймонӣ накардаам. Сад бори дигар ҷавон шавам ҳам, боз ба духтари ҳамсоя ошиқ мешавам.

-Фарзандонатон пайрави падар гаштанд ё модар?

4 духтари фаришта дорам. Се духтарам маълумоти олӣ доранду соҳиби вазифаҳои баландпоя ҳастанд, духтари хурдиям Париноз донишҷӯи соли аввал дар шаҳри Чехия мебошад. Рухшонаи Аскар судя, Тахминаи Аскар ду маълумоти олӣ дорад ва айни ҳол дар ООН кор мекунад, Парвин факултаи ҳуқуқшиносиро ба итмом расонида, дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Миллӣ фаъолият намуда истодааст.

Фарзанд бодому набера мағзи бодом мегӯянд. Аскар Ҳаким соҳиби чанд набера аст?

— 7 набера дорам, 2 духтару 5 писар. Набераҳоямро аз ҷонам бештар дӯст медорам ва ҳамеша дуо мекунам, ки номбардори Ватан гарданд.

-Шеъре доред, ки маҳз ба ҳамсаратон бахшида шуда бошад?

-Бале дорам ва ин шеърро манзури хонандагони азиз мегардонам:

БА ТУ ИМШАБИ БАҲОРОН…

Ба ту имшаби баҳорон ҳама сабзу гулфишонам,
Ки ту чун баҳор созӣ тару тоза ҷисму ҷонам.
Ту ба шаҳри тирарӯйе, ки бувад ғуборолуд,
Бикушойӣ аз рухи худ рухи ҳафт осмонам.

Бикунӣ пур аз муҳаббат ту заминаву замонам,
Бикунӣ пур аз муҳаббат ҳама ину он ҷаҳонам.
Ту зи чашмаи лабонат ҳама шаб ба ман диҳӣ об,
Дами субҳ боз бинӣ лаби хушки ташнаҷонам.

Дилу ҷону ҳастии ман ҳама умр ташнаи туст,
Бувадаш агар такопӯ, ба раҳи ту дар такопӯст.
Зи хумори чашмҳоят шиканад хумори ҷонам,
Чу манам зи чашми ту дур, ғами дил ҳама тагорӯст.

Ту на дилбари ман астӣ, дили дар бари ман астӣ,
Ту на ҳамсари ман астӣ, сару сарвари ман астӣ.
Сари ман, агар ту бошӣ, сару бар дигар нахоҳам,
Ба самои бахту толеъ маҳу ахтари ман астӣ.

Ту агар ба хилвати дил ғами ман нуҳуфта бошӣ,
Ту кунун чу шохаи гул ҳама тан шукуфта бошӣ.
Ман агар зи шавқи рӯят ду ҳазор шеър гӯям,
Ту вале ба дафтари ман ғазали нагуфта бошӣ.

Мани бе ту бенишонам, чу ту худ нишонам астӣ,
Ту агарчи бахти сабзӣ, ғами ҷовидонам астӣ.
Ва агар ки ошиқӣ худ чу атову чун бақо аст,
Ту атои ҷонам астӣ, ту бақои ҷонам астӣ…

 Бахтовар Бобоҷонов:

Бо як нигоҳ ба доми ишқ афтодам
Хабари хонадор шудани ровии машҳури телевизион Бахтовари Бобоҷон якбора мисли раъду барқ ба фазо паҳн гашта, ҳамаро ба ҳайрат овард, зеро чандин духтарон дар атрофи ин ҷавони зебои хушқаду қомат ва қошпайванд парвонавор пар-пар зада бошанд ҳам, ба даст овардани дили Бахтовар ба касе муяссар намегашт. Вақте чӣ гуна издивоҷ карданашро пурсон шудем, Бахтовар хандида гуфт:

Ҳамааш ногаҳонӣ шуд. Ман дар як тӯй ба ҳайси ровӣ даъватӣ будам. Тасодуфан чашмам ба духтараки зебое афтид, ки бо таваҷҷуҳи хоса ба  сӯям назар дӯхта, бо диққат ба ҳарфҳоям гӯш медод. Вақте чашмам ба чашмаш афтид, дилам якбора оташ гирифт ва бо як нигоҳ ошиқи зораш гаштам. Худро тасалло медодам, ки Бахтовар, худатро ба даст гир, вале дилам мисли мурғи нимбисмил дар се соати тӯй ончунон беқарор буд, ки тасвираш имкон надорад.

-Изҳори муҳаббат кардед ё духтарак худаш бо баҳонаи мухлисӣ  рақамҳоятон гирифт?

-(Механдад) Медонед, ишқ эҳсосоти аҷибест, ки забони касро лол мегардонад. Ман бо ҳама ҷуръате, ки дорам, натавонистам ба ӯ изҳори муҳаббат намоям, вале бо кӯмаки хешовандонаш нишонии духтарро  пайдо намудам. Муҳайё дар курси аввали Донишкадаи исломӣ таҳсил мекардааст. Азбаски телефон надошт, барои дилашро ба даст овардан хеле азоб кашидам. Бо кӯмаки хешу табор муддати 6 моҳ мо гоҳ-гоҳ бо ҳам гап зада, каму беш аз хулқу рафтори ҳамдигар огоҳ шудему баъд издивоҷ намудем.

Падару модаратон аз ин пеш касеро таги чашм накарда буданд?

-Волидайнам салоҳияти интихоби арӯсро ба ихтиёри банда вогузор намуда буданд. Вақте гуфтам, ки чунин духтари хушахлоқ  ҳаст ва ба ман писанд афтидааст, бе дудилагӣ ба хостгорӣ рафтанд ва ману Муҳайё бо ризояти калонсолон хонадор шудем.

Ба фикрам аллакай фарзанд ҳам доред?

Бале, меваи ишқи ману Муҳайё Сафияҷон аст, ки зиндагии моро боз ҳам ширинтар гардонида истодааст.

 

Зафар Абдуалимов:

“Шеф”-и хона Мира аст!

Зафарҷон, агар махфӣ набошад, мегуфтед, ки шумо бо ҳамсаратон чӣ гуна шинос шудед?

-Замона пеш рафтааст ва имрӯз ҳар як ҷавон пеш аз он ки оила барпо намояд, аввал хуб месанҷад, ки оё бо ҳамин инсон хушбахт шуда метавонад ё не? Ман низ аз тоифаи ҳамон ҷавонони нуктасанҷ ҳастам, аз ҳамин хотир зани санъаткор гирифтам, то ки дар зиндагӣ байни ману ҳамсарам ягон нофаҳмӣ нашавад. Шукри Худо шаш сол боз зери як бом хушбахтона умр ба сар бурда истодаем.

-Фарзанд доред?

Бале, як духтарчаи заркокули сесола дорем, ки номаш Мира аст.

Мира ба кӣ бештар монанд аст: ба шумо ё ба модараш?

-Ишқамон, ки дутарафа буд, меваи он низ ним ба ману ним ба ҳамсарам монанд гаштааст.

Ҳамроҳи янга ба кӯча бароеду духтаракони мухлисатон ба шумо гап партоянд, ҳамсаратон ҷанҷол намекунад?

анам, ки худаш санъаткор аст, баҳудаю беҳуда рашку ҷангу ҷанҷол  намекунад. Вай на ба зангҳои телефон аҳмият медиҳаду на ба гапаронии духтарон, чунки феъли маро хуб медонад. Дилаш пур аст, ки Зафар як дил дорад ва вақте ба касе қавл дод, ҳаргиз ваъдахилофӣ намекунад, барои ҳамин асаби маро бо рашку итоб вайрон намекунад.

-Сарояндаҳо мардуми серкоранд. Вақт ёфта, янгаро ба ягон ҷо ба тамошо мебаред?

Ҳар бегоҳ ҳамроҳи ҳамсар ва духтарчаам аз хонаамон, ки дар маҳалаи “Домпечат” воқеъ аст, то Садбарг ба қавле “прогулка” мекунем. Обу ҳавои Душанбе, табиати нотакрораш ба ман барин одамони эҷодкор  руҳу илҳоми тоза мебахшад.

Росташро гӯед, дар хона кӣ хӯҷаин: шумо ё янга?

-(Механдад) На ман ва на ҳамсарам, дар хона духтарчаамон Мира хӯҷаин аст. Ҳар чи ки вай хоҳад, ҳамон мешавад. Мабодо ягон чизи гуфтаашро нахарем, тамом, қиёмат қоим мешавад! Барои ҳамин мо ӯро “шеф” –и хона лақаб ниҳодаем.

Ҳамеша чунин хушбахт ва комёб бошед!

 Р. Азимӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *