Истаравшан:  Маркази наврасон ва ҷавонон таъсис дода шуд

Бо назардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2017-ро  Соли ҷавонон эълон намуданд.  Пешвои миллат афзуданд, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи  фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

         Дар замина сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат ва дар асоси қарори раиси шаҳри Истаравшан аз 4 апрели соли 2018, № 105 муассисиаи давлатии “Маркази наврасон ва ҷавонон” – и шаҳри Истаравшан таъсис дода шуд.

         Маркази мазкур дар заминаи собиқ Қасри маориф ва фарҳанг ба номи Раҳмон Маҳмудови шаҳр таъсис дода шуда, он аз 2 ошиёна  ва 23 утоқ иборат мебошад. 

         Дар асоси оинномаи Марказ  барои ташкили курсҳои омӯзишӣ (аз ҷумла адрасу атласбофӣ, қолинбофӣ, қаннодӣ, рӯзғордорӣ ва ғайра), утоқи корӣ барои фаълияти филилали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳр, толори калони фарҳангӣ (700 ҷой), толори баргузории конфронс, семинарҳои омӯзишӣ, толори “Хонаи кино”, толори мусиқисароӣ (караоке), китобхона, қайҳвахона (бо насби вайфай) иборат мебошад.

         Бояд қайд намуд, ки шумораи умумии ҷавонон дар шаҳри Истаравшан беш аз 98 ҳазор нафар буда, ифтитоҳи маркази мазкур барои ҷалби наврасону ҷавонон шаҳр ба корҳои ҷамъиятӣ, омӯзиши забонҳо, касбу ҳунар ва пешгирии амалҳои номатлуб байни наврасону ҷавонони шаҳр мусоидат менамояд.

Котиби матбуотии МИҲД-и шаҳри Истаравшан,  Шералӣ Азимӣ

        

        

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *