Истаравшан: Вохӯрии раиси шаҳр ва намояндаи Маркази миллии тестӣ бо хатмкунандагон
Дар доираи силсилавохӯриҳо вобаста ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ – 2026, дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Истаравшан вохӯрии раиси шаҳри Истаравшан Абдусаттор Қодирӣ ва намояндаи Маркази миллии тестӣ Ромиш Неъматзода бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор шуд.
Зимни вохӯрӣ таъкид шуд, ки Маркази миллии тестӣ ҳамчун ниҳоди ваколатдори давлатӣ ҷиҳати таъмини шаффофият, адолат ва дастрасии баробар ба таҳсилоти олӣ фаъолияти мунтазам дорад. Ба хатмкунандагон оид ба тартиби бақайдгирӣ, марҳилаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, интихоби ихтисосҳо, имтиёзҳои пешбинишуда ва масъулияти довталабон маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Раиси шаҳри Истаравшан Абдусаттор Қодирӣ хатмкунандагонро ба омӯзиши амиқи илм, интихоби дурусти касб ва истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамнамудаи давлат ҳидоят намуда, ба онҳо дар имтиҳонҳои дарпешистода муваффақият таманно кард.
Ҳамзамон, намояндаи Маркази миллии тестӣ Ромиш Неъматзода ба саволҳои сершумори довталабон посух дода, ҷанбаҳои муҳими имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ – 2026-ро шарҳ дод.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ