Истироҳати идона

Мувофиқи тақвим 1  январи соли 2017 ба рӯзи якшанбе,  яъне рӯзи истироҳат рост меояд. Дар робита ба ин, дар рӯзҳои истиқболи Соли нави мелодӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд? Тавре  муовини раиси  Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Исмоил Файзизода зикр намудааст, мувофиқи   моддаи 3-и Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 1 январ, ки иди Соли нави мелодӣ ба ҳамин рӯз рост меояд,  ҳамчун рӯзи иди ғайрикорӣ,  яъне истироҳат мебошад. Инчунин тибқи қисми 5-и моддаи 89 -и Кодекси   меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон агар рӯзи истироҳат  ба рӯзи иди ғайрикорӣ рост ояд, рӯзи истироҳат  ба рӯзи аввали   кории баъд  аз  рӯзи  иди ғайрикорӣ  гузаронида мешавад. Аз ин рӯ, дар Тоҷикистон рӯзҳои 31 декабр, 1 ва  2-юми январи соли 2017 рӯзи истроҳат эълон карда мешаванд ва дар тамоми идораю муассисаҳои давлатии кишвар рӯзи 3 январи соли 2017  рӯзи корӣ мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *